Муҳоҷимони интиҳорӣ 'амнтарин' вилояти Афғонистонро ҳадаф қарор доданд

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер, дар шимоли Кобул, аз ҳамлаи як гурӯҳи ҳафтнафарии муҳоҷимони интиҳорӣ ба сохтмони марказии ин вилоят хабар додаанд.
Вилояти Панҷшер яке аз амнтарин вилоятҳои Афғонистон маҳсуб мешавад ва ин ҳамла дар соъоти аввалияи бомдоди рӯзи чаҳоршанбеи 29 май/8 хурод рӯй додааст.
Абдулкабир Восиқ, волии вилояти Панҷшер, ба Би-би-сӣ гуфт: "Ҳаволии соъати 3:20 дақиқаи бомдоди имрӯз ҳафт ҳамлакунандаи интиҳорӣ ба сохтмони вилояти Панҷшер ҳамла карданд."
Ӯ афзуд, ки дар оғози амалиёт яке аз муҳоҷимон маводди мунфаҷираи ҳамроҳи худро мунфаҷир кард, аммо панҷ нафари дигар тавассути нерӯҳои пулис аз пой даромаданд ва яке аз онон муҷваффақ ба фирор аз маҳал шуд.
Дар даргирии байни муҳоҷимони интиҳорӣ ва нерӯҳои давлатӣ як маъмури пулиси афғон низ ҷони худро аз даст дод.
Ҳамчунин ҳудуди соъати 8-и субҳ ба вақти маҳаллӣ фарди муҳоҷими фирорӣ, ки дар кӯҳҳои атроф ба муҳосираи маъмурони пулис даромада буд, маводди мунфаҷираи ҳамроҳи худро мунфаҷир кард ва кушта шуд.
Ба гуфтаи сухангӯйи волии Панҷшер, муҳоҷимон либоси махсус (унифурм)-и пулиси миллии Афғонистонро ба тан доштанд.
Як худрави саворӣ аз навъи "Toyota", ки мамлу аз маводди инфиҷорӣ ва аслиҳаи сабук ва сангин буд низ дар маҳалли ҳодиса боқӣ монда ва муҳоҷимон муваффақ ба истифода аз силоҳ ва инфиҷори ин худрав нашуданд.
Абдукабир Восиқ гуфтааст, ки то кунун ҳувияти ҳамлакунандагон мушаххас нашуда ва пулис дар садади шиносоии ин афрод ва таъйини масирҳои вуруди онон ба вилояти Панҷшер аст.
Ӯ гуфт, ки дар ҷараёни даргирии миёни шӯришиён ва нерӯҳои аниятӣ сохтмони идории вилоят дучори оташсӯзӣ шуд, ки маъмурони оташнишонӣ тавонистанд ин оташро хомӯш кунанд ҳарчанд ба сохтмон осеб расидааст.
Вилояти Панҷшер зодгоҳи Аҳадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони муҷоҳидин, аст, ки бештар ба унвони як чеҳраи муқовимат дар баробари нерӯҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ ва қувои Толибон дар Афғонистон шинохта мешавад.
Панҷшер ба далели бофти ҷамъиятӣ ва сохтори қавмӣ яке аз амнтарин вилоятҳои Афғонистон маҳсуб мешавад ва мавқеъияти ҷуғрофиёӣ низ ба ҳифзи амнияти ин вилоят кумак кардааст.
Охирин ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон рӯзи ҷумъа дар Кобул рух дод, ки дар ҷараёни он чаҳор ҳамлакунанда ва як маъмури пулис ва ду ғайринизомӣ кушта шуданд.
