Ҷилавгирӣ аз "ҳамлаи интиҳорӣ ба ҷони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Зиё Масъуд"

Масъулони Идораи амнияти миллии Афғонистон мегӯянд аз ҳамлаи интиҳорӣ ба ҷони ду тан аз раҳбарони уппузисюни давлати Афғонистон ҷилавгирӣ кардаанд.
Раёсати амнияти миллӣ бо интишори эъломияе гуфтааст: "Нерӯҳои амнияти миллӣ дар як иқдоми хос ва ба мавқеъ фардеро, ки қасд дошта ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари эътилофи миллӣ ва Аҳмад Зиё Масъуд аз аъзои барҷастаи Ҷабҳаи миллӣ ҳамла кунад, дастгир кардаанд."
Дар эъломияи амнияти миллӣ омадааст, ки фарди дастгиршуда Назифуллоҳ ном дорад ва эътироф карда Шурои Толибон дар Куетаи Покистон дастури ҳамлаи интиҳорӣ ба ӯро додаанд.
Дар эъломияи амнияти миллӣ ҳамчунин омадааст, ки фарди дастгиршуда дар мадрасаҳои мазҳабӣ дар шаҳри Пешовар дарс меомӯхтааст.
Масъулони амнияти миллӣ гуфтаанд, ки ӯ ибтидо ба муддати ду ҳафта тавассути фарде дар Пешовар омӯзиши истифода аз ҷалиқаи инфиҷорӣ дида ва пас аз он ба фарде ба номи мавлавӣ Қандаҳорӣ дар Куетаи Покистон муъаррифӣ шудааст.
Иттилоъоте, ки дар эъломияи амнияти миллӣ омада аз фарди боздоштшуда нақл шуда ва масъулони амнияти миллӣ ин суханонро ба унвони эътирофоти ӯ мунташир кардаанд. Амнияти миллӣ навори видиюӣ аз эътирофоти ин шахсро низ мунташир кардааст.
Аммо мушаххас нест ин эътирофот таҳти чӣ шароите гирифта шудааст.
Раҳбарони уппузисюни давлати Афғонистон, ки шуморе аз онҳо дар замони Толибон аз аъзои барҷастаи эътилофи зиди Толибон, мавсум ба Эътилофи шимол буданд, пеш аз ин низ дар изҳороти худи гуфта буданд, ки номи онҳо дар феҳристи касоне қарор дорад, ки гурӯҳҳои шӯришии мухолифи давлати Афғонистон дар пайи аз байн бурданашон ҳастанд.
