Ҳамлаи интиҳории вилояти Фароҳи Афғонистон беш аз 50 кушта ва 100 захмӣ бар ҷой гузошт

  • 3 Апрел, 2013
Image caption Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки муҳоҷимон бо худрав ва либоси низомӣ вориди ин маҳкама шудаанд

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Фароҳ, дар ҷануби Афғонистон, эълом карданд, ки дар як ҳамлаи гурӯҳии муҳоҷимони интиҳорӣ беш аз 50 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд.

Мақомоти афғон гуфтанд, ки муҳоҷимон либоси нерӯҳои амниятии афғонро ба тан доштанд ва талош мекарданд то аъзои мазнуни Толибонро дар мавркази филояти Фароҳ озод созанд.

Пас аз даргиии шадид дар ҳоле ки тирандозӣ идома дошт муҳоҷимон як сохтмони наздик ба додгоҳро ишғол карданд.

Толибон масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда гирифтаанд.

Гузоришгарон мегӯянд, ки пас аз декабри соли 2011 ин хунинтарин ҳамла дар Афғонистон аст.

Як ҳамлаи дигар дар моҳи майи соли гузашта бар сохтмони вилояти Фароҳ ҷони шаш пулис ва як ғайринизомиро гирифт.

Ҷалиқаҳои интиҳорӣ

Мақомоти афғон гуфтанд, ки ин ҳамла соъати 9 бомдод рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Фароҳ оғоз шуд.

Image caption Мақомоти афғон гуфтанд, ки 34 ғайринизомӣ, 10 узви нерӯҳои амниятӣ ва 9 ҷангҷӯ дар ин даргирӣ кушта шуданд

Муҳоҷимон ибтидо як худрави мамлу аз маводи мунфаҷираро инфиҷор доданд, ки дар натиҷаи он сохтмонҳои наздик аз ҷумла сохтмони вилояти Фароҳ ва ду бонки мамлу аз ғайринизомиён тахриб шуданд.

Баъд аз он даргирии шадид миёни нерӯҳои амниятӣ ва муҳоҷимон оғоз шуд ва муҳоҷимон дар шуморе аз сохтмонҳои наздик ба маҳалли даргирӣ мустақар шуданд.

Гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз ҳадаф қарор гирифтани сохтмони вилояти Фароҳ буд, аммо баъд ҳам мақомоти маҳаллӣ ва ҳам Толибон таъйид карданд, ки ҳадафи аслии ин ҳамла додгоҳи вилояти Фароҳ буд.

Оқонур Кинтуз, фармондеҳи пулиси Фароҳ ба хабарнигории Осушиэйтед Пресс гуфт, ки шаш тан аз муҳоҷимон воскатҳои интиҳорӣ пӯшида буданд.

Оқои Кинтуз баъдан гуфт, ки даргирӣ акнун ба поён расидааст.

Мақомоти афғон гуфтанд, ки 34 ғайринизомӣ, 10 узви нерӯҳои амниятӣ ва 9 ҷангҷӯ дар ин даргирӣ кушта шуданд.

Ба гуфтаи фармондеҳи пулиси вилояти Фароҳ ҳадафи аслии ин ҳамла талош барои озод кардани 15 узви гурӯҳи Толибон буда, ки барои муҳокима дар ҳоли интиқол ба додгоҳи вилояти Фароҳ буданд.

Ӯ гуфт: "Дақиқан барномаи онҳо раҳоии зиндониён буд, вале худоро шукр муваффақ нашуданд."

Ин дар ҳоле аст, ки хабаргузории Руйтерз ба нақл аз Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон навиштааст, ки дар натиҷаи ин ҳамла ҳамаи зиндониёни толиб озод шудаанд.

Куштори ғайринизомиён

Мақомҳои амниятии афғон гуфтанд, ки аксарияти қурбониёни ҳамалоти субҳи имрӯз ғайринизомиён буданд.

Сайидҷон як фурӯшанда дар маҳалли ҳамла ба Би-би-сӣ гуфт: "Ман садои маҳиберо шунидам ва вақте ки нигоҳ кардам дидам чандин муҳоҷими мусаллаҳ бо аслиҳаи сабук ва сангин ба суи бонк ва додгоҳ дар ҳоли давидан буданд."

Ӯ гуфт: "Ин ҷо хун аст ва ҳама шишаҳо шикаста. Даргиии бисёр шадид ҷараён дорад ва мағозаи ман табдил ба маркази ҷанг шудааст."

Шоҳидон, аз ҷумла пизишкони шаҳр гуфтанд, ки нерӯҳои амниятӣ ва муҳоҷимони мусаллаҳ ҳар ду аз силоҳҳои сангин истифода карданд.

Яке аз мақомҳои амниятӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба ҳангоми ҳамла сохтмони додгоҳ ва бонкҳои наздики он пур аз афроди ғайринизомӣ буд.

Ҳафтаи гузашта дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон низ муҳоҷимони интиҳорӣ бо ҳамла бар маркази фармондеҳии нерӯҳои вокуниши сареъи пулиси Афғонистон панҷ пулисро куштанд ва дар ҳудуди 13 нафарро захмӣ карданд.

Вилояти Фароҳ дар ҷануби ғарби Афғонистон яке аз вилоятҳои ноороми Афғонистон ба шумор меравад.

Матолиби муртабит