Нигаронии Афғонистон аз афзоиши тавлид ва қочоқи маводди мухаддир

  • 29 Март, 2013
Image caption Аҳмадӣ: Бидуни маҳви киштзорҳои хашхоши мизони тавлиди тарёк дар Афғонистон низ коҳиш нахоҳад ёфт ва қочоқи маводди мухаддир низ дар кишвар афзоиш меёбад

Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муъовини мубориза бо маводди мухаддири вазорати дохилаи кишвари Афғонистон, эълом кард, ки таваҷҷуҳ ба маҳви киштзорҳои хашхош дар Афғонистон батадриҷ кам шудааст.

Оқои Аҳмадӣ дар як нишасти хабарӣ бо хабарнигорон гуф нигарони ин аст, ки баъд аз соли 2014 ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз мубориза алайҳи маводди мухаддир аз ин ҳам камтар шавад.

Бозмуҳаммад Аҳмадӣ гуфт нерӯҳои хориҷӣ батадриҷ Афғонистонро тарк мекунанд ва ҷойи худро ба нерӯҳои афғон медиҳанд.

Нерӯҳои таҳти раҳбарии НОТУ дар солҳои гузашта дар мубориза алайҳи тавлид ва қочоқи маводди мухаддир низ саҳим буданд.

Аммо ҳоло муъовини вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд нерӯҳои артиши Афғонистон дар маҳви киштзорҳои хашхош мушорикат намекунанд.

Ӯ бо ишора ба ин масъала афзуд: "Бидуни маҳви киштзорҳои хашхош мизони тавлиди тарёк дар Афғонистон низ коҳиш нахоҳад ёфт ва қочоқи маводди мухаддир низ дар кишвар афзоиш меёбад."

Муъовини вазорати дохилаи Афғонистон роҳи ҳалли ин мушкилро афзоиши нерӯҳои вижаи мубориза бо маводди мухаддир ва бахусус маҳви кишти хашхош эълом кард ва гуфт, ки шумори ин нерӯҳо бояд афзоиш ёбад.

Ӯ гузориш дод, ки дар соли 1391 (2012) беш аз 32 ҳазор амалиёт алайҳи қочоқ барои маводди мухаддир ва марокизи тавлиди ин мавод дар саросари Афғонистон анҷом шуда, ки нисбат ба соли қабл 127 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бозмуҳаммад Аҳмадӣ афзуд, ки 469 тун анвоъи маводди мухаддир дар ин сол кашф ва забт шуда ва 231 нафар дар иртибот бо қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд, ки 19 нафар аз онҳо хориҷӣ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол Жон Лук Ламою, намояндаи минтақавии идораи мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид, ба Би-би-сӣ гуфт, ки барои ҳифзи дастовардҳо дар бахши мубориза бо маводди мухаддир дар Афғонистон ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ бояд нақши худро ифо кунад.

Ӯ афзуд мо воқеъан нигарон ҳастем, ки имсол барои севумин сол пайи ҳам тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон бештар мешавад. Яъне дастовардҳое, ки дар гузашта ба даст омада буд аз даст хоҳад рафт. Ба иборати дигар иқтисоди сиёҳ дар Афғонистон дубора рушд хоҳад кард.

Чанде қабл низ вазорати мубориза бо маводди мухаддири Афғонистон эълом карда буд, ки арзиши тиҷорати маводди мухаддири ин кишвар солона ба ҳафтод милёрд дулор расидааст, ки бахши аслии ин пул ба ҷайби мофиёи байналмилалии маводди мухаддир мерезад.

Матолиби муртабит