Устролиё пойгоҳи худ дар Афғонистонро мебандад

  • 26 Март, 2013

Мақомоти Устролиё эълом кардаанд, ки пойгоҳи аслии низомии ин кишвар дар Афғонистон то авохири соли ҷорӣ баста шуда ва бештари низомиёни остролиёӣ ба хонаҳои худ бозмегарданд.

Ба гуфтаи Стивен Смит, вазири дифоъи Устролиё, Нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон (ISAF) тасмим гирифтааст, пойгоҳи Тарин Кот дар вилояти Урузгонро бибандад ва ин маънии поёни амалиёти нерӯҳои Устролиё дар Афғонистон аст.

Қаблан давлати Устролиё гуфта буд, қасд дорад то охири соли 2013, як соле қабл аз муддати муқаррар нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кунад.

Дар моҳи гузашта манобеъи Пентагон хабар дода буд, ки кишварҳои узви НОТУ дар сададанд пас аз соли 2014 низ дар Афғонистон аз 8 то 12 ҳазор нерӯҳои худро мустақар кунанд.