Вуқуъи инфиҷори шадид Кобулро ларзонд

Мақомоти НОТУ ва афғон таъйид кардаанд, ки инфиҷоре дар наздикии фармондеҳии марказии нерӯҳои НОТУ дар Кобул рух додааст.
Пас аз вуқуъи ин инфиҷор нерӯҳои байналмилалии кумак ба амният (Ойсоф – ISAF) дар твитари худ навишта, ки инфиҷор дар наздикии фармондеҳии ин нерӯҳо рух дода, вале ҷузъиёти ин ҳодиса то кунун мушаххас нест.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон дар сафҳаи Фейсбуки худ навишта, ки инфиҷор дар як анбори муҳиммоти марбут ба нерӯҳои амниятии афғон рух дода ва ҳамлаи интиҳорӣ дар кор набудааст.
Оқои Сиддиқӣ афзуда, ки ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай надоштааст.
Руҳуллоҳ, масъули мубориза бо ҷароими ҳавзаи нуҳуми пулиси Кобул ба Би-би-сӣ гуфт, ки маҳалли инфиҷор дар наздикии хонаи женерол Абдурраҳим Вардак, вазири дифоъи собиқи Афғонистон будааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар гузорише аз наздикии ҳодиса ин инфиҷорро бисёр шадид тавсиф карда ва гуфтааст, ки дуди ношӣ аз ин инфиҷор аз фосилаи дур қобили мушоҳида аст.
Женерол Фарид сухангӯи раёсати амнияти миллӣ низ ба Халил Нурӣ, хабарнигори Би-би-сӣ иттисоли сими барқро омили инфиҷор дар як анбори муҳимоти марбут ба идораи амнияти миллии Афғонистон эълом кардааст.
Ӯ афзуд ки дар ин анбор муҳиммоти ба дастомада аз нерӯҳои мухолифи давлати Афғонистон нигаҳдорӣ мешавад.
Женерол Фарид афзудааст, ки ин инфиҷор талафоти ҷонӣ надоштааст ва маъмурони оташнишонӣ тавонистаанд оташсӯзиро маҳор кунанд.
Рӯзи гузашта дар наздикии фурудгоҳи Кобул инфиҷоре рӯй дод ва мақомоти амниятӣ таъйид карданд, ки омили он як ҳамлаи интиҳорӣ буда, ки иҷрокунандаи он кушта шудааст.
Манобеъи хабарӣ гуфтаанд, ки ҳадафи ин ҳамла як сутун худрави низомии нерӯҳои байналмилалӣ буд, ки ноком монд.
