Шумори қурбониёни селоби рӯзи шанбе дар шимоли Кобул ба 22 нафар расид

  • 11 Август, 2013
худрави селзада
Image caption Хабарнигори Би-би-сӣ худраверо дар Шакардара дида, ки тавассути ҷараёни пурқудрати сел дарҳам кӯбида ва ба канор парт шуда буд

Мақомоти идораи мубориза бо ҳаводиси табиии Афғонистон гуфтаанд, ки ба асари ҷорӣ шудани сел дар манотиқи Шакардара ва Пағмон 22 нафар кушта шудаанд.

Асри дирӯз (шанбе, 10 август) дар шаҳри Кобул ва ҳумаи он барои дақоиқе борони шадиде борид ва дар бештари манотиқи атрофи Кобул сел ба ҷараён афтод, аммо дар Шакардара ва Пағмон дар шимоли Кобул бо талафот ҳамроҳ буд.

Доим Кокар, раиси идораи мубориза бо ҳаводиси табиъӣ гуфта, ки 20 тан аз қурбониёни сел дируз дар Шакардара ҷон бохтаанд ва ду тани дигар дар Пағмон.

Зан ва кӯдакон ҳам дар миёни ин қурбониён будаанд.

Ҳарчанд сокинони маҳал гуфтаанд, ки шумори талафоти сел дар ин ду минтақа бештар аз омори ироаишуда аз суи мақомоти давлатӣ будааст.

Ҳоҷӣ Абдураҳмон, аз сокинони Шакардара гуфт, ки ӯ шахсан дар маросими тадфини дастикам 10 нафар ширкат кардааст.

Восеъ Сурӯш, хабарнигори Би-би-сӣ, ки ба Шакардара рафта буд, мегӯяд, ки сокинони ин манотиқ ба ӯ гуфтаанд, ки қурбониёни ин селоб дар роҳҳо дар сел гир уфтоданд.

Рӯзи шанбе, рӯзи сеюми иди Фитр буд ва сокинони ин манотиқ саргарми диду боздид бо хешовандон ва дӯстони худ буданд ва селзадагон дар ҷараёни рафту омад бо сели ношӣ аз борандагии шадид мувоҷеҳ шуданд.

Image caption Сел ҳашт рӯз пеш ҳам дар шарқи Кобул даҳҳо кушта бар ҷой гузошт

Хабарнигори Би-би-сӣ дасти кам як худравро дар Шакардара дидааст, ки тавассути ҷараёни пурқудрати сел дарҳам кӯбида ва ба каноре парт шуда буд.

Хабарнигори мо гуфт, ки дар Шакардара хонаҳо чандон хисора надида, дар бархе аз манотиқ киштзор хисора дида ва ҳануз кумаки чандоне ба селзадагон нарасидааст.

Ин дувумин бор аст ки дар зарфи ҳашт рӯз бориши борон ва ҷорӣ шудани сел дар манотиқи наздик ба шаҳри Кобул қурбонӣ мегирад.

Рӯзи 3 август минтақаи Сурубӣ дар шарқи Кобул шоҳиди ҷорӣ шудани сел буд, ки ҷони дастикам 43 нафарро гирифт ва ҳамзамон ҷорӣ шудани сел дар вилояти Хуст ва Нуристон ҳам 12 куштаи дигар бар ҷой гузошт

Матолиби муртабит