Сел дар шимоли Афғонистон ҷони 14 нафарро гирифт

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Балх, дар шимоли Афғонистон, эълом кардаанд, ки бар асари бориши борон ва ҷорӣ шудани селоб 14 нафар ҷон дода ва 4 нафари дигар низ нопадид шудаанд.
Муҳаммад Афзал Ҳадид, раиси шӯрои вилоятии Балх, бо таъйиди ин хабар ба хабарнигорон гуфт, ки бориши борон дар вулусволиҳои Шулгар ва минтақаи кампи Сахӣ дар наздикии шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, боъиси хисороти молӣ низ шудааст.
Сироҷиддини Обид, вулусволи Шулгар низ ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, ки 8 нафар дар ин вулусволӣ кушта ва дар ҳудуди як ҳазор хона низ тахриб шудаанд.
Суҳроб Сират, хабарнигори Би-би-сӣ, ки аз минтақаи кампи Сахӣ дидор карда, мегӯяд, ки бар асоси изҳороти мардуми маҳал дар ҳудуди ду ҳазору панҷсад хона вайрон шудаанд.
Ӯ мегӯяд, ки хонаҳои гилии ин минтақа бо ҷорӣ шудани селоб тахриб гардида ва мардуми маҳал низ дар талош ҳастанд, ки васоили боқимондаи худро аз миёни гилу лойи боқимонда аз хонаҳои вайрон ба маконҳои дигар мунтақил кунанд.
Сират афзуд, ки бориши борон шаби гузашта оғоз шуд ва мардум барои наҷоти ҷони худ ба масоҷиду мадорис паноҳ бурдаанд, ки дар муқоиса бо бисёре аз хонаҳои маскунӣ, сохтмонҳои муқовимтаре доранд.
Бархе аз мардуми маҳал муътақиданд, ки эҷоди хатти оҳан дар ин минтақа боъиси инҳирофи масири табиъии селоб шуда ва вайронии хонаҳои ононро ба дунбол овардааст.
Онон ба далели адами расидагӣ ва нарасидани кумакҳои имдодӣ дар як ҳаракати эътирозӣ, субҳи чаҳоршанбеи 24 апрел барои муддати кӯтоҳе ҷодаи Кобул-Мазори Шарифро бар рӯйи трофик бастанд.
Гуфта мешавад, ки ҷорӣ шудани селоб мушкилотеро дар фурудгоҳи шаҳри Мазори Шариф эҷод карда ва боъиси ихтилол дар барномаи парвозҳо аз ин фурудгоҳ шудааст.
