Селоб дар Афғонистон ҷони даҳҳо нафарро гирифт

  • 4 Август, 2013
селоб дар Кобул
Image caption Ҷорӣ шудани селобҳо дар бахшҳое аз кишвар ҷони даҳҳо нафарро гирифт ва хонаҳояшонро вайрон кард

Сарозер шудани селобҳо дар бахшҳое аз Афғонистон ҷони даҳҳо нафарро гирифта ва хонаҳои онҳоро тахриб кардааст.

Бар асоси гузориши Кумитаи мубориза бо ҳаводиси табиии Афғонистон ин селобҳо рӯзи гузашта 12 мурдод (3 август) дар вилояти марказии Кобул, вилоятҳои Хуст ва Нуристон дар ҷануби шарқи кишвар ҷорӣ шудааст.

Мақомҳои маҳаллӣ дар ҷануби шарқи Афғонистон ҳам гуфтаанд, ки бар асари сарозер шудани селобҳо дар вилоятҳои Хуст ва Нуристон дасти кам 14 нафар кушта шудаанд. Дар миёни кушташудаҳо занон ва кӯдакон ҳам шомиланд.

Масъулони вилояти Хуст дар ҷануби шарқи Афғонистон гуфтаанд, ки селобҳои рӯзи гузашта ҷони ёздаҳ нафарро гирифта ва чандин хонаи маскуниро тахриб кардааст. Дар як хабарномаи дафтари волии Хуст, ки ба расонаҳоии маҳаллӣ фиристода шуда, омада ки дар ин ҳаводис чандин нафари дигар нопадид шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Зоҳир Баҳонд, сухангӯи волии Нуристон ба Би-би-сӣ гуфт, ки боришҳои шадид ва ҷорӣ шудани селобҳо дар ду рӯзи гузашта дар Нуристон садҳо ҳектор мазореъро комилан тахриб кардааст.

Оқои Баҳонд гуфт, ки хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ дар панҷ рустои ноҳияи Барги Метоли ин вилоят такондиҳанда будааст. Ӯ гуфт, ки дар ин селобҳо ҳудуди се нафар талаф шудаанд, як русто комилан зери об шуда ва беш аз 80 хона тахриб шудааст.

Сухангӯи волии Нуристон афзуд, ки бештари хонаводаҳо танҳо бо як либос хонаҳои худро тарк карда ва ба маҳаллоти амн паноҳ бурдаанд.

"Хабаре аз имдод нест"

Оқои Баҳонд гуфт, ки селобҳо роҳҳои иртиботиро дар ду ноҳияи Нуристон масдуд карда ва дастрасии онҳо ба маҳаллот душвор шудааст.

Ӯ гуфт, ки дар ду рӯзи гузашта ҳеҷ гурӯҳи имдодӣ барои наҷоти қурбониён аз марказ ба ин вилоят сафар накарда ва ҳеҷ кумак ҳам барои онҳо нарасидааст. Сухангӯи волии Нуристон хостори кумаки фаврии ҳавоии ҳукумати марказӣ шуд.

Image caption Дар ноҳияи Сурубӣ дар Кобул чандин хонавода сарпаноҳи худро аз даст додаанд

Шиддати хисорот ва мизони болои талафоти баҷомонда аз ин селобҳо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистонро мутаассир кардааст.

Оқои Карзай ба идороти масъул дар бахши низомӣ ва ғайринизомӣ дастур дода, ки ба қурбониёни ин селобҳо кумакҳои фаврӣ бирасонанд ва захмиҳоро тадовӣ кунанд.

Дар як хабарномаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳам омадааст, ки танҳо дар ноҳияи Сурубии Кобул селобҳои ахир ҷони даҳҳо нафарро гирифта ва теъдоди зиёде аз бошандагони маҳал нопадид шудаанд.

Шиддати селоб дар ноҳияи Сурубии Кобул ба ҳадде зиёд буд, ки теъдоди зиёде аз хонаҳои маскунӣ, мағозаҳо ва ва ҳатто як бемористонро тахриб кардааст.

Барои имдодрасонӣ ба қурбониёни селобҳо дар ноҳияи Сурубӣ дар шарқи Кобул нерӯҳои артиши Афғонистон ҳам саҳм гирифтаанд.

Мақомҳои давлати Афғонистон эълом кардаанд, ки ин омор ибтидоӣ аст ва эҳтимолан теъдоди талафот ва хисороти ношӣ аз ин селобҳо бештар аст.

Матолиби муртабит