Инфиҷор дар рестурони Кобул: 13 хориҷӣ ва 8 афғон кушта шуданд
Image copyrightAPТеъдоди кушташудагони инфиҷори ҷумъашаб дар Кобул ба 21 нафар расидааст.
Пас аз шиносоии аҷсоди қурбониёни ин инфиҷор мушаххас шуда, ки як мақоми аршади Сандуқи Байналмилалии Пул ва чаҳор корманди Созмони Милали Муттаҳид дар миёни кушташудагон ҳастанд.
Вобил Абдуллоҳ, раиси дафтари Сандуқи Байналмилалии Пул, чаҳор корманди ғайринизомии Созмони Милал, ҳашт шаҳрванди дигари хориҷӣ ва ҳашт афғон шоми ҷумъаи 17 январ (27 даймоҳ) дар инфиҷори интиҳорӣ дар рестурони "Товерно ду либон" кушта шуданд.
Ин рестурони лубнонӣ дар маҳаллаи ҳифозатшуда ва диплумотнишини Вазир Акбархони шаҳри Кобул воқеъ аст.
Ҳишматуллоҳи Истоникзай, сухангӯйи пулиси Кобул, ба Би-би-сии Форсӣ гуфт, ки омори кушташудагон то ҳол ба 21 нафар, 16 мард ва панҷ зан, расидааст, ки 13 нафар аз онҳо хориҷӣ ва ҳашт нафар афғон будаанд.
Оқои Истоникзай афзуд, ки кушташудагони хориҷӣ шомили шаҳрвандони конодоӣ, русӣ ва лубнонӣ буданд ва гузоришҳо ҳокист, ки як бритониёӣ ҳам дар миёни кушташудагон ҳаст.
Сухангӯйи пулиси Кобул афзуд, ки ҳарчанд ҳувияти қурбониён ба сурати дақиқ шиносоӣ нашуда, аммо таъйид кард, ки кормандони Созмони Милал ҳам дар миёни онҳо будаанд.
Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ин ҳамларо "ҳавлнок" тавсиф кардааст.
Женерол Зоҳир Зоҳир, фармондеҳи пулиси Кобул, гуфт, ки як ҳамлакунандаи интиҳорӣ ҳаволии ғуруби ҷумъа воскети (ҷалиқаи) интиҳории худро дар баробари рестурони лубнонии "Товерно ду либон" мунфаҷир кард.
Сухангӯйи пулиси Кобул гуфт: "Яке аз муҳоҷимон бумби ҳамроҳи худро дар муқобили вурудии ин рестурон мунфаҷир кард ва ду тани дигари онҳо муваффақ шуданд, ки ба дохили сохтмон бираванд ва ҳудуди ду соъат бо нерӯҳои амниятӣ даргир буданд ва баъд аз по даромаданд."
Дар мавриди захмиёни ин инфиҷор омори дақиқе дар даст нест. Пулиси Кобул захмӣ шудани ду нафарро таъйид карда, аммо Ҳишматуллоҳи Истоникзай гуфт, ки эҳтимолан теъдоди онҳо бештар аст. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз захмӣ шудани чаҳор нафар аст, ки Абдулмаҷид, мудири рестурон, ҳам дар миёни онҳост.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, гуфта, ки ин ҳамла кори Толибон буда ва дар посух ба талафоти ғайринизомиён дар вулусволии Сиёҳгирди вилояти Парвон анҷом шудааст. Ба гуфтаи мақомҳои давлатӣ, 14 тан дар ҷараёни ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбеи нерӯҳои байналмилалӣ алайҳи шӯришиён кушта шуданд.
Рестурони "Товерно ду либон" дар Кобул маҳалли рафтуомади шаҳрвандони хориҷӣ ва афғонҳост ва дорои тадобири шадиди амниятӣ аст.
Ҳамла дар шоми рӯзи ҷумъа, ки рестуронҳо дар Кобул мамлӯ аз муштарӣ ҳастанд, рух дод.
Дар пайи вуқӯъи инфиҷор нерӯҳои амниятии афғон маҳалли мавриди ҳамларо ба муҳосираи худ гирифтанд ва ба касе иҷозаи вуруд ба маҳал дода намешавад.
Дар наздикии маҳалли инфиҷор сафорати Нурвеж, Конодо ва Тоҷикистон низ мавқеъият дорад. Вазорати хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин ҳам шаҳрвандони ин кишвар осеб надидаанд.
Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки инфиҷор ба андозае шадид буда, ки шишаҳои сохтмонҳои атрофи маҳалли инфиҷор шикастаанд.
Ин дувумин ҳамлаи Толибон дар Кобул дар як ҳафтаи гузашта аст. Панҷ рӯз пеш дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ ба худрави ҳомили кормандони маркази омӯзишии пулиси миллӣ дар шарқи Кобул дастикам ду тан кушта ва 20 тан захмӣ шуданд.
Дар миёни кушташудагони он ҳамла як донишҷӯи маркази омӯзишии пулис ва дигарӣ ҳам корманди маркази омӯзишӣ буд ва дар миёни захмишудагон се зан ва се кӯдак низ буданд.
