Тавофуқи ҷадид барои мубориза бо маводди мухаддир миёни Тоҷикистону Афғонистон

Масъулони ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддири Афғонистон ва Тоҷикистон гуфтаанд, ки миёни ин ду кишвар тавофуқи ҷадиди иборат аз 19 бахши ҳамкориҳо ҳосил шудааст.
Дар нишасти матбӯъотии рӯзи душанбеи 2 декабр ҳамчунин гуфта шуд, ки яке аз бахшҳои ин тавофуқ таъсиси кумисисюни муштарак барои арзёбии фаннии барномаҳои ҳамкории миёни ниҳодҳои Афғонистону Тоҷикистон будааст.
Масъулони ин ниҳодҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳамчунин дар ин нишаст, ки ба натиҷаи кори кунферонси се рӯзаи миёни намояндагони Афғонистону Тоҷикистон ихтисос ёфта буд, натиҷаи кунфаронсро барои ҳар ду кишвар мусбат арзёбӣ карданд.
Женерол Бозмуҳаммади Ҳамадӣ, муъовини вазири умури дохилаи Афғонистон, раҳбари ҳайъати он кишвар мегӯяд, ки Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа талош доранд, ки мубориза бо қочоқи маводди мухаддирро дар авлавиятҳои кории давлатҳои худ қарор диҳанд, то тавонанд, бо барномаҳои дақиқ ва тарҳрезишуда дар як ҳамоҳангии комил бо ин падида мубориза кунанд.
Оқои Ҳамадӣ дар мавриди тавофуқи бадастомада мегӯяд: "Хушбахтона дар ин кунферонс мо тавонистем ба як тавофуқи тақрибан 19 моддаи дастрасӣ пайдо кунем, ки ҷавониби мухталифи мубориза бо маводди мухаддир дар он гунҷонида шуда ва баъд аз арзёбиҳо ва тавофуқоти миёни ду кишвар ин ҷанбаи амалӣ пайдо мекунад, то мо битавонем бо эҷоди ин барномаҳо дар арсаи назорат бар марзҳо аз қочоқи маводди мухаддир ва ҳамчунон беҳтар шудани вазъияти иҷтимоъии сокинони ду кишвар талош ва мубориза кунем."
Оқои Ҳамадӣ мегӯяд, миёни ин ду кишвар бар сари эҷоди кумисиюни вижаи давлатӣ, таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар сатҳи вилоёт ва навоҳии марзӣ барои арзёбии фаннӣ, ташкил ва наҳваи иҷрои барномаҳои мубориза бо маводи мухаддир низ тавофуқ шудааст.
Дар ҳоле, ки бархе аз расонаҳо дар мавриди идомаи гаравгонгирӣ дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон аз сӯйи гурӯҳҳои қочобар гузориш додаанд, оқои Ҳамадӣ дар нишасти имрӯз мегӯяд, ки ба ҷуз аз ду зани ҷавони тоҷик, ки бар сари доду гирифти миёни қочоқчиён ба Афғонистон бурда шудаанд, масъалаи гаравгонгирӣ дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд надоштааст. Зеро ҷониби Афғонистон бо боздошти гурӯҳҳои созмонёфта ин масъаларо ҳалл кардааст.
Ӯ афзуд, ки ҷониби Афғонистон талоши бозгардонидани ин ду хонумро ба Тоҷикистон карданд, вале онҳо довталабона хоҳиши зиндагӣ дар Афғонистонро кардаанд, зеро ин ду зан бо сокинони он кишвар издивоҷ карда буданд.
Аз сӯйи дигар Турабек Рустамов, раиси бахши бозрасии Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамоиши се рӯзаи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби тавофуқоти ду ҷонибаи қаблӣ, ки дар соли 2005 ба даст омада буд, доир мешавад.
Оқои Рустамов афзуд: "Дар қаламрави Афғонистон афсарони ниҳоди мо фаъъолият дорад. Аммо ҳамоиши Душанбе, ки дар он шумори бештаре аз ниҳодҳо ва намояндагони Афғонистон дар он ширкат доштанд, моро бештар бо вазъи мавҷуда дар он кишвар ва масоили он ошно кард."
Ин дар ҳолест, ки Ҷерми Милсон, масъули минтақавии Идораи назорат бар маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Миллаи Муттаҳид ҳарчанд гуфт, ки дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир дар минтақа пешрафтҳое ба мушоҳида расидааст, вале ӯ ин муборизаро нокофӣ хонд.
Ӯ мегӯяд: "Барои тақвияти мубориза бо ин падида бояд қонун низ тақвият ёбад ва барномаҳои фарогири бештаре рӯйи даст гирифта шаванд. Мо аз кори кунферонс ва натиҷаҳои он хеле хушҳол ҳастем, зеро дар ин ҳамоиш барои ҳамоҳангсозии бештари барномаҳои мубориза бо маводди мухаддир миёни ду кишвари ҳаммарз оғоз гузошта шуд."
Намояндагони ду тарафи ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддир ҳамчунин пешниҳод карданд, ки ҳамоишҳои дуҷониба дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир дар оянда низ баргузор ва масоилу мушкилоти мавҷуда дар ин арса дар онҳо баррасӣ ва ҳалл шаванд.
Кунферонси ҳамкории Афғонистон ва Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо маводди мухаддир, ки рӯзи шанбеи 30 ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз шуда буд ва дар кори он аз ҷониби Афғонистон, ҳудуди чиҳил нафар, ки умдатан аз вилояти Бадахшони он кишвар буданд, ширкат доштанд.
Яке дигар аз нуктаҳои ин кунферонс ҷалби тавҷҷуҳи сокинони ду кишвар ба мубориза бо маводди мухаддир будааст, зеро тавре, ки дар ин ҳамоиш таъкид шудааст, мубориза бо ин падида на танҳо масъулияти ниҳодҳои давлатӣ буда, аммо масъулияти мардум ва сарони қавмӣ низ будааст.
