Боздошти чаҳор нафар ба занни қочоқи маводди мухаддир дар Суғд
Кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёте вижа дар вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар, гурӯҳеро ба занни даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир дастгир кардаанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъотии ин ожонс, дар ин амалиёт 4 нафар аз сокинони вилоёти Хатлону Суғд боздошт ва аз онҳо 7 баста бо 28 килуграм ҳеруин мусодира шудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддир аъзои дигари ин гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчии маводди мухаддирро ҷустуҷӯ мекунанд.
Ин манбаъ афзуда, ки қочоқбарон ҳеруинро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карда ва қасд доштанд, тавассути ин кишвар ба Русия интиқол диҳанд.
Ҳамакунун алайҳи ин афрод ба иттиҳоми нигаҳдорӣ ва фурӯши маводди мухаддир дар ҳаҷми бузург парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар соли ҷорӣ ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон аз қочоқбарон ҳудуди 4 тун маводди мухаддир кашф ва забт кардаанд.
Идораи назорат бар маводди мухаддир ва ҷароими созмонёфтаи СММ гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ дар Афғонистон беш аз 3500 тун тарёк ҷамъоварӣ шудааст, ки аз ин миқдор мумкин аст 350 тун ҳеруин тавлид шавад.
