Ҳамкории сокинони ду сӯйи марз алайҳи маводди мухаддир

  • 30 Ноябр, 2013
кунфуронс
Image caption Бори нахуст дар кунфуронси ҳамкории Афғонистон ва Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо маводди мухаддир дар Душанбе сокинони манотиқи марзӣ аз ду кишвар ширкат доштанд

"Мубориза бо маводди мухаддир танҳо масъулияти ниҳодҳои давлатӣ нест, балки масъулияти мардум ва сарони қавмӣ низ ҳаст."

Ин нукта дар кунферонси ҳамкории Афғонистон ва Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо маводди мухаддир, ки рӯзи шанбеи 30 ноябр дар меҳмонхонаи “Истиқлол"-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, садо дод.

Ҳошими Ваҳдатёр, масъули ҳамкориҳои мантақаии дафтари Созмони Милали Мутаҳид алайҳи маводди мухаддир дар Афғонистон, дар ин ҳамоиш гуфт: “Дар кунферонсҳои қаблӣ ширкаткунандаҳо умдатан аз марокиз, аз ҷумла Кобул ва Душанбе, ва ё пойтахтҳои кишварҳои дигари ҳаммарз бо Афғонистон, дар якҷоягӣ бо намояндаҳои давлату ҳукумат ва ниҳодҳои марбутаи мубориза бо маводди мухаддир ширкат мекарданд."

"Аммо дар ин кунферонс дар баробари маъмурини олирутбаи давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки мустақиман дар манотиқи марзӣ қарор доранд, ҳамчунин сарони қавмии мардуми манотиқи марзӣ дар баробари ниҳодҳои зирабти давлатӣ ва байналмилалӣ аз мушкилоти мубориза алайҳи тавлид ва қочоқи маводди мухаддир ширкат мекунанд ва роҳҳои ҳаллт ин мушкилотро бо ҳам ҷустуҷӯ мекунанд.”

Ширкаткунандаҳои ин кунферонс, ки умдаи онҳо сокинони маҳалоти воқеъ дар ду сӯйи марзи Тоҷикистону Афғонистон буданд, мегӯянд, ки дар ин замина бояд ҳамкориҳои чандҷониба алайҳи кишт, тавлид ва қочоқи маводди мухаддир чи дар маҳалҳо ва чи дар кишварҳои мантақа бояд сурат бигирад.

Аз масоиле, ки дар се рӯзи баргузории куферонси ҳамкории Афғонистон ва Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо маводди мухаддир дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд, аз ҳамкорӣ миёни маъмурини олирутбаи ду кишвар дар манотиқи марзӣ, ҳамкорӣ миёни мардуми сокин дар ҳарду ҷониби марз ва ҳамкорӣ миёни мардуми манотиқи марзӣ бо давлатҳо ва ниҳодҳои зирабт иборат буд.

Image caption Оқои Ваҳдатёр мегӯяд, ки дар ин кунферонс аз мардуми манотиқи марзӣ даъват шуда, то якҷо бо ниҳодҳои давлатӣ алайҳи маводди мухаддир пайкор кунанд

Теъдоди умдаи ширкаткунандаҳо аз ҷониби Афғонистон, ки наздики чиҳил нафар ҳастанд, аз вилояти Бадахшони Афғонистон буданд. Ба гуфтаи ҷониби Афғонистон, теъдоди бештари кишти маводди мухаддир дар шимоли ин кишвар дар вилояти Бадахшон мушоҳида мешавад ва ин мавод аз тариқи марзи Тоҷикистон ба кишварҳои мантақа ва Русия интиқол дода мешавад.

Тибқи омору арқоме, ки дар ин кунферонс гуфта шуд, дар Русия солона сӣ ҳазор нафар дар асари эътиёд ба маводди мухаддир ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба андешаи созмондиҳандагони ин кунферос, дар заминаи ин ҳамоиш онҳо дар якҷоягӣ роҳҳои ҳамкории беҳтареро миёни кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон ва мантақа пайдо хоҳанд кард, то пеши роҳи қочоқи маводди мухаддир ва қочоқбарҳо гирифта шавад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба хотири маҳви маводди мухаддир 140 маъмури пулис дар Афғонистон ҷонҳои худро бохтаанд. Ҳудуди як милюн муътод дар ин кишвар ҳастанд, аммо ҳамасола шумори онҳое, ки дар асари эътиёд ба маводди мухаддир талаф меёбанд, дар даст нест.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2013 дар Афғонистон кишти хашхош 36 дарсад ва тавлиди маводди мухаддир дар муқоиса бо соли 2012 49 дарсад афзоиш ёфтааст.

Агар рекурди кишти хашхош дар Афғонистон дар солҳои қаблӣ 193 ҳазор ҳектор буд, дар соли 2013 кишти он дар ин кишвар 209 ҳазор ҳекторро ташкил медиҳад.

Матолиби муртабит