Ҷилавгирӣ аз ду мавриди талоши қочоқи ҳеруин ба хориҷа

  • 20 Сентябр, 2013

Маъмурони амниятии Тоҷикистон аз ду мавриди интиқоли ҳеруин ба хориҷ аз кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ахиран маъмурон занеро боздошт кардаанд, ки қасд доштааст ду килугрому 700 гром ҳеруинро ба Аморати Мутаҳиддаи Арабӣ интиқол бидиҳад.

Ин манбаъ ба далели сиррӣ будани иттилоъ аз ироъаи ному насаби ин хонум худдорӣ карда ва фақат афзудааст, ки вай сокини 41-солаи Душанбе ва соҳиби ду фарзанд будааст.

Мавориди интиқоли маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба Аморати Муттаҳидаи Арабӣ хабари тозае нест. Дар гузашта низ маъмурони амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон аз чанд мавриди мушобеҳ ҷилавгирӣ кардаанд.

Ҳарчанд дар ин кишвари арабӣ барои интиқоли маводди мухаддир муҷозоти сангин ва ҳатто эъдом дар назар аст, вале чунин муҷозот низ аз талошҳо барои интиқоли ин маводд наметавонад ҷилавгирӣ кунад.

Дафтари матбуъотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамчунин хабар додааст, ки ахиран Сироҷ Давлатов, як шаҳрванди Русия, ки қасд дошт тавассути ҳавопаймо дар масири Душанбе-Красноярск як килугрому 830 громм ҳеруинро интиқол бидиҳад, боздошт шудааст.

Оқои Давлатов дар гузашта барои талоши қочоқи маводди мухаддир ба беш аз 15 сол ба зиндон маҳкум шуда ва танҳо дар соли 2011 афв шуда буд.

Бо ишора ба ин мавзӯъ соҳибназарон таъкид мекунанд ки муҷозоти сангин наметавонад дар роҳи қочоқи маводди мухаддир ва имкони ба даст овардани суди ҳангуфт монеъаи ҷиддӣ бошад.