Боздошти як гурӯҳи қочоқбар дар Хатлон
Пулиси Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи чорнафараи созмонёфтаи қоҷоқбар дар вилояти Хатлони ин кишвар хабар додааст.
Сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 10 сентябр хабар додааст, ки ин гурӯҳ дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуда ва кормандони пулис аз мошини мутааллиқ ба онҳо беш аз 10 килугром маводди мухаддир кашф ва мусодира кардааст.
Кормандони ин вазорат мегӯянд, ки алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 200 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне қочоқи маводди мухаддир боз ва таҳқиқот барои пайдо кардани ҳамдастони дигари онҳоро идома медиҳад.
Дар беш аз даҳ рӯзи ахир ин дуввумин бор аст, ки пулис дар вилояти Хатлон аз дохили мошинҳо миқдори зиёде аз маводди мухаддирро пайдо мекунад. Дар авохири моҳи август пулиси ин вилоят хабар дод, ки аз як сокини ин вилоят ҳафт килугром маводди мухаддирро мусодира кардааст.
Тибқи омори расмӣ аз аввали соли ҷорӣ то ҳол нерӯҳои интизомии Тоҷикистон беш аз се тунн маводди мухаддирро аз қочоқчиён кашф ва мусодира карданд.
