Пулиси тоҷик як табаъаи Афғонистонро ба занни қочоқи маводди мухаддир боздошт кардааст
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як қочоқбари афғон бо миқдори зиёди маводди мухаддир дар қаламрави ин кишвар хабар додааст.
Бар асоси иттилоъи сойти расмии ин вазорат, ки рӯзи душанбеи 2 сентябр пахш кардааст, ин сокини Афғонистон дар яке аз навоҳии шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
Пулиси тоҷик аз ӯ Муҳаммад Вали Мир Ҳасан ном гирифта ва тавре, ки дар хабар омадааст, кормандони вазорати умури дохила аз ин сокини 27-солаи афғон беш аз 18 килуграм афюн мусоидра кардаанд.
Кормандони пулис дар робита ба он ки чи тавр ин сокини Афғонистон тавонистааст, ки ин миқдори маводди мухаддирро аз марз ба пойтахти Тоҷикистон интиқол додааст, иттилоъе пахш накардаанд.
Аммо кормандони пулис дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 200 қонуни ҷазои Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти онро барои пайдо кардани ҳамдастони дигари ин фарди ба гуфтаи пулис қочоқчӣ идома медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки масъулони ниҳодҳои мубориз бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамкориҳоро барои ҷилавгирӣ аз интиқоли ин маводд аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо ҳамтоёни афғонии худ тақвият додаанд.
