“Гром-2013”- машқҳои шеваи мубориза бо қочоқи маводди мухаддир

  • 20 Сентябр, 2013

Дар вилояти Чуйи Қирғизистон тамриноти вижаи нерӯҳои мудофеъаи чаҳор кишвари минтақа зери унвони “Гром-2013” бо ҳадафи тавсеъаи ҳамкориҳо барои муборизаи муштарак бо қочоқи маводди мухаддир оғоз шуд.

Дар монуврҳое, ки субҳи рӯзи ҷумъаи 20 сентябр шурӯъ шуданд, нерӯҳои вижаи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалиёти намоишӣ аз шеваи ҷадиди ҷилавгирӣ аз интиқоли маводди мухаддирро барои рӯзноманигорон ва тамошогарон нишон медиҳанд.

Тавре, ки сойти расмии Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон менависад, ин дар ин машқҳо, иддае аз кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ширкат доранд.

Тоҷикистонро дар ин машқҳо гурӯҳи вежаи ин ожонсӣ ва кормандони маркази кор бо сагҳои буйгир муъаррифӣ мекунанд. Дар чараёни машқҳо мутахассисони кор бо сагҳои буйгир, шеваи ҷустуҷӯйи маводди мухаддир бо истифода аз сагҳои омӯзишдодаро намоиш медиҳанд.