Нишасти раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон

  • 29 Ноябр, 2013
Ҳамоиши кишварҳои мубориз бо маводди мухаддир
Image caption Намояндагони кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон дар ҷараёни ин нишаст чигунагии мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар марзҳои муштарак бо Афғонистон ва ҳамкориҳо дар ин самтро низ баррасӣ хоҳанд кард

Дар Тоҷикистон ҳамоиши раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводди мухаддири кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон ва кишварҳои дигари ҷаҳон оғоз ёфт.

Мубтакири аслии ин ҳамоиш, ки субҳи рӯзи ҷумъаи 29 дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, давлати Тоҷикистон буда ва дар ин нишаст ба ҷуз аз намояндагони панҷ кишвари Осиёи Миёна, намояндагони Афғонистон, Русия, Туркия, Чин, Омрико ва Эрон ширкат мекунанд.

Ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳодияи Урупо ва Созмони Милали Муттаҳид ширкат доранд.

Яке аз мавзӯъоти аслии матруҳа дар ҳамоиши Душанбе, эҳтимоли афзоиши қочоқ ва кишти хашхош дар Афғонистон баъд аз хурӯҷи низомиёни НОТУ аз Афғонистон дар соли 2014 ва мубориза бо қочоқи он дар дохили Афғонистон аст.

Ҳамчунин намояндагони кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон дар ҷараёни ин нишаст, чигунагии мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар марзҳои муштарак бо Афғонистон ва ҳамкориҳо дар ин самтро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Ин нахустин бор аст, ки Тоҷикистон мизбони як ҳамоиши бузурги мубориза бо маводди мухаддир мешавад. Ин нишаст бо ҳимояти Идораи маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид доир шудаст.

Женерол Рустам Назаров, раиси Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи он гуфт, ки дастрасӣ ба коҳиши тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон ва қочоқи он ба хориҷ ба ҳамкориҳои танготанги кишварҳои минтақа бастагӣ дорад.

Аз сӯйи дигар, масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар манотиқи марзӣ ва дохили Тоҷикистон ниҳодҳои мухталифи интизомӣ аз қочоқбарон ба миқдори 5 туну 371 килуграм маводди мухаддир кашф ва мусодира кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2012 ҳудуди 7 дарсад бештар аст.

Баргузории ҳамоиши раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон дар ҳоле доир мешавад, ки гузориши Идораи маводди мухаддир ва ҷароими СММ ҳокӣ аз афзоиши майдони кишти хашхош дар Афғонистон дар соли ҷорӣ будааст.

Тибқи ин гузориш ин майдон 209 ҳазор ҳектор буда ва дар муқоиса бо арқоми соли гузашта 36 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Тавре ки дар ин гузориш омадааст, имкон дорад дар Афғонистон аз маҳсули хашхош дар соли ҷорӣ беш аз панҷ ҳазор тун маводди мухаддир тавлид шавад, ки дар муқоиса бо арқоми соли гузашта 49 дарсад зиёд буда ва бахше аз ин мавод аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз ин кишвар ба Русия ва кишварҳои Урупо мунтақил шавад.

Матолиби муртабит