Ҷилавгирӣ аз убури гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчӣ аз марз

Кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз кӯшиши як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчии маводди мухаддирро барои интиқоли ин маводд аз Афғонистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд.
Тавре, ки кормандони ин кумита гуфтаанд, ин гурӯҳи қочобарон дар мавзеъи Хирманҷойи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон бо марзбонон вориди даргирии мусалаҳона шудаанд.
Гуфта мешавад онҳо тавонистаанд бо истифода аз торики шаб ба қаламрави Афғонистон фарор кунанд. Аммо кормандони амниятӣ аз макони даргирӣ бо қочқбарон беш аз 21 килуграмм маводди мухаддири навъи бангдона мусодира кардаанд.
Масъулони ин кумита, рӯзи 26-уми июн ба хабаргузории “Ховар” гуфтаанд, ки раҳбарии ин гурӯҳро Сафиуллоҳ, сокини вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон бар уҳда доштааст.
Ҳамзамон кормандони амниятии Тоҷикистон аз боздошти аъзои як хонавода ба занни қочоқи маводди мухаддир дар деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод хабар додаанд.
Тибқи ин хабар се нафар аз аъзои як хонавода дар ин деҳа дар ҳамкорӣ бо қочоқгари афғон машғули фурӯш ва интиқоли ин маводд даст дошта ва дар замони боздошт аз манзили яке аз онҳо се килугром маводди мухаддир мусодира шудааст.
Дар маҷмӯъ дар ҷараёни се амалиёти ахири кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ҳудуди 50 килугром маводди мухаддир кашф ва мусодира шудааст.
Ноҳияи Шӯрообод дар имтидоди беш аз 100 килуметр бо манотиқи шимолии Афғонистон марзи муштарак дорад ва гузоришҳо ҳокист, ки бештари мавориди интиқол ва қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон тавассути ин минтақа сурат мегирад.
Ҳамчунин дар гузашта низ дар ноҳияи марзии Шӯрообод мавориди зиёди даргирӣ миёни марзбонон ва қочоқбарони афғон ва ҳодисаи гаравгонгирӣ ба мушоҳида расидааст.
