Гузориши солиёнаи вазъи маводди мухаддир ва мубориза бо он

Масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон дар маросиме гузориши ҷадидеро дар мавриди мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва тавлиду масрафи он дар сол 2012 муъаррифӣ карданд.
Дар ин маросим, ки рӯзи душанбеи 15 апрел баргузор шуд, гуфта шуд, ки ин гузориш ба ҷуз аз забони форсии тоҷикӣ ба се забони хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, инглисӣ ва фаронсавӣ мунташир шудааст.
Гузориши ҷадид ҳокист, ки шумори афроде, ки дар қочоқи маводди мухаддир даст доштанд, дар дар муқоиса бо соли 2011 афзоиш ёфта, вале шумори занони қочоқчӣ дар ҳоли коҳиш будааст.
Ҳамчунин баррасии соли 2012 мушаххас кардааст, ки интиқоли ҳеруин дар муқоиса ба солҳои пеш дар ҳоли коҳиш буда ва кормандони интизомӣ аз қочоқчиён бештар шаҳдонаро (канабис) мусодира кардаанд. Бавижа ин навъи маводди мухаддир аз қочоқбарон дар вилояти Хатлони Тоҷикистон мусодира шудааст.
Дар соли 2012 нахустин бор ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ду мавриди қочоқи метомфетомин, як навъи маводди мухаддирро ошкор кардаанд ва беш аз 62 килуграми ин маводдро аз ду шаҳрванди эронӣ мусодира кардаанд.
Бунафша Одинаева, муъовини раиси ин ожонс, ки гузоришро муъаррифӣ мекард, бо таъкид ба аҳаммияти ин гузориш гуфт, ки баррасии баъдӣ барои ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар оянда роҳбурди (истротежии) мубориза бо маводди мухаддиро бо таваҷҷуҳ ба муваффақиятҳо ва норасоиҳои мавҷуда дар соли гузашта пешбинӣ кунанд.
Хонуми Одинаева аз Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, ки аз омода кардани гузориш ҳимояти молӣ карда, арзи сипос намуд ва гузоришро ба Улф Билвинг, (Ulf Billving) мушовир дар умури мубориза бо терурисм ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои интизомӣ дар намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон супурд.
Оқои Билвинг низ аз интишори гузориши ҷадид қонеъ ба назар мерасид ва дар суханронии кӯтоҳи худ аз ҳамкориҳои ин созмон бо ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, ки бо маводди мухаддир мубориза мекунанд ёдовар шуд.
Ӯ афзуд: “Панҷ сол аст, ки САҲУ тибқи як тарҳ, барои роҳандозии барномаи вижаи давлат барои мубориза бо маводди мухаддир кумакҳое ироа мекунад.
Дар авоили моҳи ҷорӣ созмони мо бо ҳамроҳии Вазорати умури дохила дар чорчӯби ин барнома як ҳамоиши бузургро, ки мавзӯъи аслии он ҳамкориҳои байналмилалӣ барои мубориза бо ҷиноёти фаромарзии маводди мухаддир буд, баргузор кардем.”
Оқои Билвинг мегӯяд, ки дар соли гузашта намояндагии САҲУ аз барномаҳои мухталиф алайҳи маводди мухаддири ҷавонон, аз ҷумла варзишӣ ва фароғатӣ, ки дар онҳо шиъори аслӣ "зиндагӣ бидуни маводди мухаддир" буд, ҳамояти молӣ кард.
Дар гузориши ҷадиди Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон шумори шаҳрвандоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар соли 2012 боздошт шудаанд, 314 нафар унвон шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар як ҳамоиш эълом шуд, ки шумори тоҷикистониёне, ки дар хориҷ барои даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд, беш аз 900 нафар буда ва аз аз онҳо ҳудуди як туну 500 килуграм маводди мухаддир мусодира шудаааст. Аммо гузориши ҷадиди ожонс миқдори маводди мухаддири мусодирашуда аз ин афродро беш аз 400 килуграм эълом кардааст.
Гузориши ҷадиди ожонс ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2013 фаъъолияти созмонҳои ҷинояткори фаромарзии маводди мухаддир дар минтақа афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамчунин тибқи пешбинии коршиносони ин ниҳод, ин созмонҳои ҷинояткор бештар барои интиқоли пул аз сомонаи (системи) ба истилоҳ “Ҳавола”, ки бештар ба интиқоли пул дар қаламрави Афғонистон вобаста аст, истифода хоҳанд кард.
Наҳваи аслии ин сомона аз он иборат аст, ки пули барои маводди мухаддир ба як шахси наздик ба қочоқбар дар қаламрави кишваре дигар пардохт хоҳад шуд, ки дар натиҷа собит кардани фурӯши ғайриқонунии ин маводдро бо душвориҳо рӯбарӯ мекунад.
