Афзоиши боздошти қочоқбарони тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистон

  • 10 Апрел, 2013
Ҳамоиши Душанбе
Image caption Ин ҳамоиш бо кумаки молии САҲУ дар Тоҷикистон доир мешавад

Дар соли 2012 ҳудуди ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ барои қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд.

Иттилоъ дар ин маврид, рӯзи чаҳоршабеи 10 апрел дар як ҳамоиши байналмилалии кормандони ниҳодҳои интизомии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ садо дод.

Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки дар соли гузашта 927 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир дар берун аз ин кишвар, бавижа Русия боздошт шуда ва аз онҳо ҳудуди як туну 500 килуграм маводди мухаддир мусодира шудаааст.

Ин омор дар муқоиса ба даврони мушобеҳ дар соли 2011, ки 630 нафар будаанд, ҳудуди 25 дарсад афзоишро нишон медодиҳад.

Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ аз боздошти фақат ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар бо иттиҳоми даст доштан дар интиқоли маводди мухаддир гузориш дода буданд.

Дар “Кунферонси ҳамкориҳои байналмилалӣ барои мубориза бо ҷинояткории фаромарзии маводди мухаддир” намояндагони Русия, Эрон, Қатар ва намояндагони тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки то ҳол бештари созмонҳои қочоқбари маводди мухаддир ифшо ва конолҳои интиқоли ин маводд хунсо нашудааст.

Аммо Рамазон Раҳимов, вазири кишвари Тоҷикистон ба дастовардҳои кормандони интизомӣ дар роҳи мубориза бо қочоқи маводди мухаддир таъкид кард, ҳарчанд ӯ вуҷуди норасоиҳо дар кори ин ниҳодҳоро низ таъйид кард.

Оқои Раҳимов дар ин ҳамоиш 9 пешниҳоди Тоҷикистонро ба созмонҳои байналмилалӣ дар роҳи муборизаи муассир бо ин падида ироа дод.

Яке аз пешниҳодҳои Тоҷикистон боло бурдани ҷазо барои ҷароими марбут бо қочоқи маводди мухаддир то ба сатҳи ҷароими сангин, аз ҷумла ҷароим алайҳи башарият будааст.

Image caption Женерол Раҳимов гуфт, созмонҳои байналмилалӣ бояд омори дақиқиро дар мавриди интиқоли маводди мухаддир аз қаламрави Тоҷикистон пахш кунанд

Женерол Раҳимов гуфт: “Яке дигар аз пешниҳодҳои мо таъсиси феҳристи ба истилоҳ сиёҳ ва ягонаи раҳбарони гурӯҳҳои созмонёфтаи фаромарзии қочоқчиёни маводди мухаддир дар ҷаҳон аст. Ҳамчунин созмонҳое аз қабили НОТУ ва СПАД бояд дар мубориза бо қочоқи маводди мухаддир фаъъолиятҳои худро ҳамоҳанг бикунанд.”

Оқои Раҳимов ҳамчунин гуфт, ки созмонҳои байналмилалӣ бояд омори дақиқро дар мавриди интиқоли маводди мухаддир аз қаламрави Тоҷикистон пахш кунанд.

Ба ин нукта яке дигар аз мақомоти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон низ таъкид кард.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш Идораи СММ дар умури маводди мухаддир ва ҷароими созмонёфтаро ба ироаи иттилоъи носаҳеҳ дар мавриди Тоҷикистон муттаҳам кард.

Ӯ гуфт: “Мо бар ин ақидаем, ки дар бархе аз маворид дар ҷаҳон иттилоъи нодуруст дар мавриди вазъи мубориза бо қочоқи ин маводд дар Тоҷикистон пахш мешавад. Барои мисол мо бо ин иттилоъ, ки ахиран дар расонаҳои умум аз номи ин идора ва Вазорати хориҷаи Омрико пахш шудааст розӣ нестем.”

Оқои Салимзода афзуд: “Ҳамчунин дар ин иттилоъ омадааст, ки суд аз даромади фурӯши ғайриқонунии маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ дар соли 2010 беш аз як милёрду 400 милюн дулорро ташкил дода ва қочоқи ғайриқонунӣ 21 дарсади даромад аз маҳсулоти нохолиси миллиро дар Тоҷикистон ташкил медиҳад.”

Додситони кулли Тоҷикистон аз СММ тақозо кард, ки иттилоъи дақиқро дар мавриди он ки ин омор бар асоси кадом додаҳо омода шудааст, дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон гузорад.

Аз сӯйи дигар Женерол Рустам Назаров, раиси Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон зимни муъаррифии барномаи Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводди мухаддир аз тақвияти ҳамкориҳои нерӯҳи интизомии Тоҷикистон бо ҳамтоёни афғонистонӣ дар ду се соли ахир хабар дод.

Женерол Назаров гуфт, ки дар ҷараёни амалиётҳои вижаи ду ҷониб дар соли гузашта онҳо тавонистанд, 48 лобротурии тавлиди ҳеруин дар қаламрави Афғонистонро хунсо кунанд.

Ба гуфтаи вай яке аз мушкилоти ҷилавгирӣ аз тавлиди ҳеруин дар қаламрави Афғонистон дастрасии сода ба сиркаи вижа - маводе будааст, ки барои истеҳсоли ҳеруин истифода мешудааст.

Женерол Назаров ба тавлидкунандагони сирка (уксус) пешниҳод кард, ки барои ба таври сареъ мушаххас кардани он ба ҳангоми интиқол ба ин маводд ранги вижаеро диҳанд.

Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки дар ҳудуди 14 соли ахир нерӯҳои интизомӣ дар Тоҷикистон беш аз 79 тун маводди мухаддирро, ки 38 туни онро ҳеруин ташкил медодааст, аз қочоқбарони ин маводд мусодира кардаанд. Ҳамчунин дар нишаст гуфт шуд, ки ҳудуди 60 нафар аз кормандони ин ниҳод дар роҳи мубориза бо қочоқчиён ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Аз сӯйи дигар Луко Бухин, ки аз САҲУ дар ин нишаст намояндагӣ мекард, дар нишасти хабарии кӯтоҳи ин ҳамоиш, Тоҷикистонро яке аз кишварҳои муваффақ дар роҳи мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ хонд.

Матолиби муртабит