Сокинони Шӯрообод: “Шабҳоро бо тарсу бим рӯз мекунем”

  • 29 Март, 2013
Шӯрообод

Ахиран сокинони бархе аз рустоҳои ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дархост карданд, аманияташонро дар баробари гурӯҳҳои ҷиноии афғон таъмин кунанд.

Ба ин манзур гурӯҳе аз сокинони рустои Қозии воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон унвонии Саидмӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон як мактуб ирсол кардаанд.

Дар ин мактуб сокинони рустои Қозӣ аз кумитаи амният дархост кардаанд дар ҳудуди ин деҳа дидбонгоҳи марзии ҷадид бунёд шавад.

Қурбонҷалол, номи мустаъори яке аз муъаллифони ин мактуб унвонии раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст.

Ӯ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ мегӯяд, ки давлат бояд ба шаҳрвандонаш амниятро замонат бидиҳад ва сокинони рустои Қозӣ дар мактуби худ ҳаққи шаҳрвандии худ, яъне амниятро талаб кардаанд.

Қурбонҷалол гуфт: "Навиштаем, ки дар марз бо Афғонистон зиндагӣ мекунем ва шабро бо хонаводаамон бо тарс рӯз мекунем. Инҳо бояд як дидбонгоҳе дар инҷо фаъъол кунанд, ки сокинони рустоҳои наздимарзӣ бо Афғонистон бетарс зиндагӣ кунанд."

Сокинони рустои Қозӣ мегӯянд, ҳамлаҳои ногаҳонии марзшиканҳо аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон онҳоро нигарон мекунад. Тасмим дар бораи ирсоли дархост унвонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пас аз даргирии ахир дар ин минтақа гирифта шудааст.

Рӯзи 22-юми март бахши вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод иттилоъ дода буд, ки дар деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Шӯрообод миёни чаҳор нафар аз сокини ин деҳа ва афғононе, ки ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон гузашта буданд даргирие рух дод.

Дар ин ҳодиса се шаҳрванди Афғонистон ва як сокини ноҳияи Шӯрообод ҷони худро аз даст доданд.

Ҳарчанд мақомот далели бурузи ин даргириро шарҳ надодаанд, манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки даргирии миёни сокинони ҷамоъати Сари Чашма бо шаҳрвандони Афғонистон ба дунболи он сар задааст, ки се сокини Афғонистон қасд доштанд, чаҳор нафар аз ҷавонони ин ноҳияро, ки машғули чаронидани ҳайвоноти аҳлӣ будаанд, ба гаравгон бигиранд.

Ин ҳодиса бар нигаронии сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон афзудааст. Шоҳмирзо, яке аз ин сокини ноҳияи Шӯрообод аст, ки манзили хонаводаи ӯ дар фосилаи 15 килуметрии марзӣ Афғонистон воқеъ аст.

Ӯ мегӯяд: "Ман ва дигарон дар рустоҳои ҳаммарз бо Афғонистон ҳарчанд дар хонаҳои худамон, дар рустоҳои худамон ҳастем, аммо ҳамеша дар сояи тарс зиндагӣ мекунем. Аммо фикр мекунам, агар мақомоти дахлдор дар воқеъ хоҳанд, ки аз вуруди ғайриқонунӣ ба ноҳияи Шӯрообод пешгирӣ кунанд, ҳеҷ кас вориди ноҳияи мо намешаванд. Барои ҳамин фикр мекунам шояд касе аз ворид шудани афғонҳо ба қаламрави мо манфиъате дорад.”

Эминҷон Ҷалилов, муъовини бахши вазорати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон мегуяд: “Даргирие, ки дар Шӯробод шуд мо бетараф нестем, шуъбаи вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Шӯробод дар рустоҳои ҳаммарз бо Афғонистон кор мекунанлд. Аммо дар марз мо дахолат карда наметавонем ва онҷо марзбонон бояд назорат баранд.”

Расонаҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Шӯрообод пайваста аз хатароти ношӣ аз ҳамкориҳои ғайриқонунӣ бо шаҳрвандони Афғонистон ва мушкилоти фаровони сокинони манотиқи ҳаммарз аз ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои қочоқбар гузориш медиҳанд.

Зубайдулло Раҳмонов, сардабири ҳафтаномаи маҳаллии ноҳияи Шӯрообод мавсум ба "Насими Терак" мегӯяд: "Баъзе аз сокинони ноҳия, ки дар марз бо Афғонистон ҳастанд бо афғонҳо ҳамкорӣ мекунанд. Мо мақолаҳои зиёд менависем то мардуме, ки дар марз бо Афғонистон зиндагӣ мекунанд хонанд ва огоҳ шаванд, ки бо афғонҳо ҳамкорӣ накунанд."

Ноҳияи Шӯрообод дар ҷануби Тоҷикистон, ки бо қаламрави Афғонистон ҳудуди 150 километр марзи муштарак дорад.

Шӯрообод яке аз навоҳиест, ки бахши қобили мулоҳизаи маводди мухаддири Афғонистон аз тариқи ин минтақа вориди Тоҷикистон мешавад. Марзбонони тоҷик ин минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон аз "мушкилтарин" қисмати марз унвон мекунанд.

Матолиби муртабит