Пизишкон барои наҷоти ҷони қочоқбари афғон пойи ӯро қатъ карданд
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз даргирии марзбонони тоҷик бо як гурӯҳи қочоқбарони маводди мухаддир дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон хабар додааст.
Тибқи ин иттилоъ, ки рӯзи душанбеи 20 май пахш шуд, ин даргирӣ дар ноҳияи марзии Панҷи вилояти Хатлон рух дода ва марзбонони тоҷик дар ҷараёни он ҳудуди 9 килугромм тарёки хомро аз қочоқбарон мусодира кардаанд.
Ҳамчунин дар ҷойи ҳодиса марзбонон як тапончаи "Макаров"-ро пайдо кардаанд.
Сухангӯйи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки яке аз қочоқбарон, аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон дар ҷараёни даргирӣ шадидан захмӣ шуда ва пизишкони тоҷик барои наҷоти ҷонаш ӯро ҷарроҳӣ ва як пойи ӯро қатъ кардаанд.
Гуфта мешавад, ки қочоқбари дигар аз макони даргирӣ фирор карда ва дар қаламрави Афғонистон паноҳ бурдааст.
Дар робита бо ин ҳодиса кормандони амниятӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда ва барои мушаххас кардани ҳувияти афроди қочоқбар ва ҳамроҳони онҳо таҳқиқотро идома медиҳад.
Тибқи иттилоъи расмӣ аз аввали соли ҷорӣ то ҳол ниҳодҳои марбут ба мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон ҳудуди як тун маводди мухаддирро аз қочоқбарони ин мавод мусодира кардаанд.
