Боздошти шаҳрванди тоҷик дар Маскав
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шудааст.
Дафтари матбуъоти Идораи гумруки Русия ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст, ба ҳангоми тафтиши рентгении боғоҷи мусофири хатти сайри Душанбе-Маскав дар девораи ҷомадони ӯ моддаи сафедранг ошкор шудааст.
Ин манбаъ гуфтааст, дар пайи ташхис дар озмоишгоҳ ҳеруин будани ин модда рӯшан шудааст. Бад ин тартиб, аз шаҳрванди Тоҷикистон ба миқдори 7,1 килугромм ҳеруин мусодира шудааст.
Манобеъи Идораи гумруки Русия гуфтаанд, ин фард қасд доштааст, маводди мухаддирро аз Маскав ба шаҳри Владивостоки Русия интиқол диҳад.
Феълан дар қиболи ин шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми “қочоқи ба андозаи зиёди маводди мухаддир” парвандаи ҷинойӣ боз шуда ва дар сурати собит шудани ҷурмаш дар додгоҳ мумкин аст ӯ ба муддати то 20 сол равонаи зиндон шавад.
