Ҳудуди як тун маводди мухаддир нобуд шуд

  • 7 Июн, 2013

Дар корхонаи фулизгудозии шаҳри Душанбе ҳудуди як тун маводди мухаддир, ки аз ҷониби ниҳодҳои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мусодира шуда буд, аз тариқи сӯзондан нобуд гардид.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат гуфт, ин амр субҳи рӯзи ҷумъаи 7 июн сурат гирифта ва дар канори бангдона, афюн ва ниҳолҳои хашхош беш аз 100 килугромм ҳеруин ва 62 килугромм ҳабҳои синтетикӣ (17 ҳазору 955 адад) ба коми оташ рафт.

Оқои Асадуллоев гуфт, ин миқдор маводди мухаддир дар чорчӯби 162 парвандаи ҷинойӣ бар қочоқбарони маводди мухаддир ошкор ва мусодира шуда ва пас аз истифода дар ҷаласаҳои додгоҳ ба унвони далели шайъӣ нобуд шудаанд.

Ӯ гуфт, бар асоси ин парвандаҳо додгоҳ 222 нафарро ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир ба муддатҳои мухталиф равонаи зиндон кардааст.

Дар ҳафтаи гузашта низ, Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ба миқдори 300 килугромм маводди мухаддирро, ки дар ҷараёни амалиёти вижа аз қочоқбарон мусодира шуда буд, сӯзонд.