Сӯзондани ҳудуди 300 килугром маводди мухаддир дар Душанбе
Кормандони ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 31 май ҳудуди 300 килугром маводди мухаддирро сӯзонданд.
Сӯзондани ин миқдор маводди мухаддир дар чорчуби маросими ҷашни 14-умин солгарди таъсисёбии ожонси назорат бар маводи мухадири Тоҷикистон сурат гирифт.
Ин миқдор маводди мухадир, ки иборат аз 30 килугром ҳеруин, 200 килугром ҳашиш ва наздик ба 60 килу тарёк ва чаҳор килу морфин ба унвони мадрак дар 30 парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи 43 нафар истифода шуда, ки дар додгоҳҳои кишвар маҳкум шудаанд.
Маводди мухаддир дар ҳузури намояндагони ниҳоодҳои интизомӣ ва амниятӣ ва хабарнигорон ба коми оташ супорида шуд.
Ожонси назорат ба маводди мухаддири Тоҷикистон аз замони таъсиси худ беш аз 14 тун маводди мухаддир дарёфт ва нобуд кардааст.
