Боздошти ду такроркунандаи ҷурм ба занни қочоқбарӣ

Кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон афродеро, ки қаблан зиндонӣ шуда буданд, ба иттиҳоми даст доштанашон дар қочоқи маводди мухаддир боздошт кардаанд.
Масъулони ин ожонс мегӯянд, ки ин афрод аъзои як гурӯҳҳи қочоқӣ буда ва дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи ин ниҳод ба сар мебарад.
Саъдуллоҳ Раҳматуллоев, сухангӯйи ожонси назорат бар маводди мухаддир, рӯзи ҷумъаи 10-уми май ба Би-би-сӣ гуфт, онҳо дар ҷараёни як амалиёти кормандони ожонс боздошт шудаанд ва сипас маълум шуда, ки яке аз онҳо қаблан барои таҷовуз ба номус зиндонӣ шуда буд.
Оқои Раҳматуллоев гуфт: “Ду нафар аз аъзои ин гурӯҳ, ки феълан боздошт шудаанд, ҳар ду дар гузашта низ даст ба ҷароим зада буданд. Аз ҷумла як сокини 53 солаи ин гурӯҳ дар гузашта барои таҷовуз ба номус маҳкум ба зиндон шуда ва сокини 30 солаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон низ дар гузашта барои қочоқи маводди мухаддир равонаи зиндон шудааст.”
Оқои Раҳматуллоев мегӯяд, ки кормандони ожонсӣ ба ҳангоми боздошт аз ин афрод панҷ килу шоҳдона мусодира кардаанд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва барои пайдо кардани аъзои дигари ин гурӯҳ таҳқиқот идома дорад.
Тибқи омори расмӣ аз аввали соли ҷорӣ то ҳоло кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддир 34 қочоқбари маводди мухаддирро, ки се нафар аз онҳо шаҳрвандони Афғонистон ҳастандро дар қаламрваи Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Гуфта мешавад дар зарфи ҳудуди 14 соли ахир дар Тоҷикистон аз қочоқбарон беш аз 79 тун маводди мухаддир, ки 38 туни онро ҳеруин ташкил дода, мусодира шудааст.
Аз сӯйи дигар гузориш шудааст, ки танҳо дар соли гузашта 927 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир дар берун аз ин кишвар, бавижа Русия боздошт ва аз онҳо ҳудуди як туну 500 килу маводди мухаддир мусодира шудааст.
