'Бо хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон тавлиди маводди мухаддир коҳиш намеёбад'

Хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ба вазъи қочоқи маводди мухаддир аз ин кишвар ҳеҷ таъсир нахоҳад гузошт.
Ин суханонро масъулони Идораи назорат бар маводди мухаддири Русия рӯзи сешанбеи 23 апрел, дар ҳамоиши “Ҳалли мушкилоти маводди мухаддир дар Осиёи Марказӣ: чолишҳо ва таҳдидҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014” дар шаҳри Душанбе гуфтанд.
Ба гуфтаи Иля Левитан, намояндаи Идораи назорат бар маводди мухаддири Русия дар остонаи хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм аз Афғонистон майдони кишти хашхош дар ин кишвар 18 дарсад афзоиш ёфта ва ба 154 ҳазор ҳектор расидааст.
Ӯ гуфт, аз замони вуруди нерӯҳои Эътилоф ба Афғонистон дар соли 2001 то ба ҳол мизони тавлиди маводди мухаддир дар ин кишвар 40 баробар афзоиш ёфта ва дар пайи хуруҷи ин нерӯҳо ин раванд ҳамчунон идома хоҳад дошт ва хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар ба чигунагии ин раванд асаре нахоҳад гузошт.
Ин ҳамоиши байналмилалӣ ба ибтикори Маркази минтақавии СММ дар умри Диплумотии пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ ва Идораи назорат бар маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Милал баргузор шуда ва дар он ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Покистон, Русия ва коршиносони байналмилалӣ ширкат доштанд.
Ҳакан Демирбукен, ҳамоҳангсози Тарҳи назорати тиҷорати маводди мухаддири афғони Идораи назорат бар маводди мухаддир ва ҷароими СММ гуфт, ки дар соли ҷорӣ дар канори манотиқи ҷанубу шарқи Афғонистон дар манотиқи шимоли ин кишвар низ майдони кишти хашхош густариш ёфтааст.
Ба гуфтаи оқои Демирбукен, 25 дарсади маводди мухаддире, ки дар Афғонистон тавлид мешавад, аз тариқи масири шимол, яъне, тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия ва Урупо мунтақил мешавад.
Намояндагони Тоҷикистон ин суолро матраҳ карданд, ки “Чаро дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди мизони интиқоли маводди мухаддир аз тариқи Ӯзбакистон ва Туркманистон иттилоъе вуҷуд надошта ва ҳамеша таъкид рӯйи Тоҷикистон аст?”
Ҳакан Демирбукен гуфт, ба ҳангоми таҳияи гузориши тозаи СММ аз ин ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон марзи муштарак дорад, дар бораи мизони интиқоли маводди мухаддир иттилоъи дақиқ дарёфт нашудааст.
Зимнан, дар ҳамоиши имрӯзи шаҳри Душанбе ҳайъатҳои Ӯзбакистону Туркманистон ширкат надоштанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷеймс Каллиҳан, мушовири аршади Вазорати хориҷаи Омрико дар масоили Осиёи Марказӣ аз талошҳои ниҳодҳои зирбати Тоҷикистон дар роҳи муқобала бо маводди мухаддир ситоиш карда ва гуфт, кишвараш дар садад аст, пас аз соли 2014 ба давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маводди мухаддир кумак хоҳад кард.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин ин савол матраҳ шуд, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон вазъияти амниятӣ дар ин кишвар ва Осиёи Марказӣ чи гуна хоҳад шуд?
Шаҳрбону Тоҷбахш, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сиёсӣ дар Порис ва Пажӯҳишгоҳи омӯзиши сулҳи Усло гуфт, пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон мумкин аст вазъи ин кишвар тибқи се сенорию тавсеъа пайдо кунад.
Сенориюи аввал, ба гуфтаи ӯ метавонад ин бошад, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли оянда Афғонистон хуб баргузор шуда ва давлати муросои миллӣ таъсис мешавад, ки дар дохил ва ҳам дар минтақа қобили қабул хоҳад буд. Танҳо дар сурати суботи иқтисодӣ вазъи ин кишвар субот пайдо мекунад.
Дигар, ин ки мумкин аст, дар пайи хуруҷи нерӯҳои НОТУ, дар Афғонистон ҷанги дохилӣ оғоз шуда ва амр ба кишварҳои минтақа асари манфӣ гузорад. Дар ин сурат тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон ба маротиб афзоиш ёфта ва маводди мухаддир ба унвони арз истифода шуда ва ба "бозичаи сиёсӣ мубаддал мешавад."
Сенориюи сеюм ба эътиқоди хонуми Тоҷбахш, имкони дар ҳолати феълӣ, яъне дар вазъияти сулҳи шикананда боқӣ бимонад. Аммо ин вазъ давомдор нахоҳад буд. Мумкин аст, ин гуна вазъ низ ба афзоиши тавлиди маводди мухаддир дар ин кишвар мусоъидат кунад.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Русия пешниҳод кард, ки пас аз соли 2014 кишварҳои Русия, Афғонистон, Эрон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши мизони тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон як "Маркази муштараки ҷилавгирӣ" таъсис шавад.
Пешниҳод шуда, ки ин марказ ба кишоварзони афғон кумаки молӣ ироъа кунад, то онҳо ба ивази хашхош рустаниҳои мавриди ниёзи бозори дохилиро кишт кунанд.
