Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ӯш

  • 3 Май, 2013

Кормандони Кумитаи амнияти Қирғизистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбарони маводди мухаддир дар Қирғизистон хабар додаанд.

Хабаргузории “24kg”-и Қирғизистон ба нақл аз кормандони Кумитаи амнияти Қирғизистон навишта, ки аъзои як гурӯҳи ҷинояткори созмонёфта аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон будаанд.

Ҳеч иттилоъе дар бораи шумори аъзои ин гурӯҳ ва ҳувияти онҳо пахш нашуда, аммо кормандони амниятӣ гуфтаанд, ки аз ин гурӯҳ ҳудуди се килуграм ҳеруин мусодира шудааст.

Ин гурӯҳ дар шаҳри Ӯш боздошт шуда ва тибқи иттилоъи муқаддамотӣ аъзои ин гурӯҳ қасди интиқоли ин миқдор ҳеруинро ба Русия аз қаламрави Қирғизистон доштаанд.

Ин нахустин бор нест, ки мақомоти қирғиз аз боздошти шаҳрвандон Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир гузориш медиҳанд. Дар тобистони соли гузашта низ марзбонони қирғиз аз боздошти ду корманди вазорати дохилаи Тоҷикистон ба занни қочоқи маводди мухаддир дар марзи муштараки ин ду кишвар хабар дода буданд.