Ду табаъи тоҷик ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум шуданд
Додгоҳи вилояти Челябински Русия Илҳом Обидов ва Ҳайдарбек Ашӯров, шаҳрвандони тоҷикро ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир мутаносибан ба муддатҳои 13 ва 14 сол зиндон маҳкум кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти ин додгоҳ, ин ду табаъи тоҷик аз Тоҷикистон ба Русия 800 грамм ҳеруинро интиқол дода ва онро дар шаҳри Челябинск ба фурӯш расондаанд.
Аммо дар ҷаласаи додгоҳ Илҳом Обидов ва Ҳайдарбек Ашӯров иттиҳоми воридаро бепоя хонда ва гуфтаанд, ки дар қочоқи маводди мухаддир даст надоранд.
Масъулони дафтари матбуъоти додгоҳи вилояти Челябинск ба хабаргузориҳои Русия гуфтаанд, ки то ҳол ин ҳукми додгоҳ ба маърази иҷро надаромада ва муттаҳамон метавонанд аз ин ҳукм ба Додгоҳи олии Русия шикоят бибаранд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи хабаргузории “Росбалт”, дар рӯзҳои наздик дар додгоҳи шаҳри Санкт-Питерсбурги Русия муҳокимаи як табаъи 34-солаи Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи ҳудуди 1 килугромм оғоз хоҳад шуд.
Зимнан, дар моҳи гузашта дар музофоти Красноярски Русия як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи 6 килугромм ҳеруин дастгир шуда буд.
