Боздошти як зани ҷавон бо ҳудуди се килуграм ҳеруин

  • 24 Июн, 2013

Пулиси тоҷик мегӯяд, ки як зани ҷавонро, ки сокини шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон будааст, ба занни қочоқи маводди мухаддир боздошт кардаанд.

Тибқи хабари сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 26 июн пахш шудааст, кормандони пулис ҳангоми бозҷӯйии аз дохили кифи дасти ин зан ҳудуди се килуграм ҳеруинро кашф ва мусодира кардаанд.

Пулис мегӯяд, ки дар робита ба даст доштани ин зани 23 сола дар қочоқи маводди мухаддир тибқи моддаи 200 қонуни ҷазойи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд.

Дар як ҳафтаи ахир ин дувуми бор аст, ки кормандони пулис аз боздошти занон ба занни қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Қаблан масъулони вазорати умури дохила аз боздошти як зан дар вилояти Суғд бо 8 килуграм маводди мухаддир иттилоъ пахш карда буданд.

Коршиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон бархе аз занон ва духтарон аз хонаводаҳои камбизоъат ба хотири дарёфти сармояи лозима барои баровардани ниёзмандиҳои рӯзгор даст ба фурӯш ва қочоқи маводди мухаддир мезананд.