Боздошти зане дар Суғд бо ҳашт килу маводди мухаддир

  • 18 Июн, 2013

Кормандони пулис дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд як зани 52-соларо ба занни қочоқи маводди мухаддир боздошт карданд.

Сойти расмии вазорати кишвар бо пахши ин хабар менависад, ки пулис ба ҳангоми боздошти ин зан (С.М.) аз ӯ шаш килу ва 127 гром ҳашиш ва ҳудуди 2 килу ҳируин мусодира кардааст.

Кормандони интизомӣ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷинойиро тибқи моддаи 200 қонуни ҷазойи Тоҷикистон боз ва барои пайдо кардани ҳамдастони дигар ӯ таҳқиқотро идома медиҳанд.

Пештар мақомоти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз коҳиши шумори занон ва духатрони қочқбари маводди мухаддир дар соли 2012 иттилоъ дода буданд.

Тибқи омори расмӣ дар соли 2012 беш аз 980 нафар аз сокинони Тоҷикистон барои қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд, ки 3, 3 дар сади онҳоро занон ва духтарон ташкил медиҳанд. Ин омор дар муқоиса ба соли 2011 коҳиши ҳудуди 45 дарсадии даст задани занон ба ин ҷурмро нишон додааст.