Назаров: 'Мақомоти баландпояи тоҷик бо қочоқчиён ҳамдаст нестанд'

Раиси Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, ки сол то сол ҳамкориҳои ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводди мухаддири кишвараш бо Афғонистон беҳбуд меёбад.
Женерол Рустам Назаров мегӯяд, дар назар аст ин ҳамкориҳо баъд аз соли 2014 тақвият ёбанд ва дар ин замина дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоише бо ширкати раҳбарони аршади ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддири кишварҳои минтақа доир мегардад.
Оқои Назаров афзуд, ки интизор меравад дар ин нишаст дурнамои ҳамкориҳо ва наҳваи муассири мубориза бо қочоқчиёни маводди мухаддир баъд аз соли 2014 дар минтақа баррасӣ шавад.
Оқои Назаров ҳамчунин гуфт, ки аз соли 2005 то ба ҳол идораи онҳо дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни афғони худ ҳудуди 250 амалиёти муштаракро анҷом дода ва дар ин муддат танҳо дар қаламрави Афғонистон беш аз 12 тунн маводди мухаддир аз қочоқбарон мусодира кардааст.
Раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 23 август дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Би-би-сӣ ҳамчунин натиҷаи мулоқоти ахири худ бо раҳбари Вазорати мубориза бо маводди мухаддири Афғонистонро қаноъатбахш хонд.
Вай дар посух ба суоли ҳамкорамон Заринаи Хушвақт дар мавриди ҷузъиёти сафари ҳайъати тоҷикистонӣ ба Афғонистон гуфт:
Бо ниҳодҳои интизомии Афғонистон мо ҳамкориҳои хуб дорем ва ин сафари мо ба он кишвар идомаи иҷрои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни мо ва Вазоратҳои умури дохила ва идораи мубориза бо маводди мухаддири Афғонистон аст. Дар ҷараёни сафар мо бо Зарор Аҳмад Муқбил, вазири мубориза бо маводди мухаддир ва Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муъовини вазири умури дохилаи Афғонистон мулоқотҳо анҷом додем.
Ҳамчунин мо бо гурӯҳи вижаи мубориза бо маводди мухаддири вазорати умури дохила, ки аз сӯйи Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Омрико ҳимояти молӣ мешавад дидор карда ва бо шеваи кори онҳо ошно шудем.
Ҳайъати Тоҷикистон бо намояндаи Идораи назорат бар маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Милал Муттаҳид гуфтугӯе анҷом дода ва бо волии Қандаҳор, ки дар Афғонистон бузургтарин макони тавлиди тарёк маҳсуб мешавад, мулоқот кард.
Иҷрои муфоди мувофиқатномаи ҳамкории “Ибтикори се ҷонибаи “АКТ”, яъне Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз мавзӯъоти матруҳа дар ин мулоқотҳо буд. Тавре, ки ба Шумо маълум аст, таъсиси ин тавофуқи сеҷониба бо ибтикори давлати Тоҷикистон ба даст омада ва ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба Қирғизистону кишварҳои дигар аст.
Мо бо ҳамтоёни афғони худ мавзӯъи иқдомоти муштаракро, бо таваҷҷӯҳ ба тағйироти эҳтимолӣ дар Афғонистон пас аз соли 2014 матраҳ кардем. Дар ин замина мехоҳам таъкид кунам, ки чанде қабл давлати мо пешниҳод кард ки як ҳамоиши бузург бо ширкати раҳбарони аршади ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон баргузор шавад. Дар ин ҳамоиш Омрико, Афғонистон, Чин, Русия, Туркия ва кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон ширкат ва дар фазои ғайрирасмӣ ва таҳти сарпарастии СММ масоили коҳиши интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Масъулони зидахли кишвари Афғонистон ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд ва афзун бар ин, мо бо номае дар ин бора ба муъовини Дабири кулли СММ низ муроҷеъа кардем ва посух гирифтем, ки ин созмон аз пешниҳоди мо ҷонибдорӣ мекунад. Замони муқаддамотии баргузории ин ҳамоиш нимаи дуввуми моҳи нояби соли ҷорӣ таъйин шудааст.
Лутфан дар мавриди натоиҷи амалиёти муштараки ниҳодҳои Афғонистону Тоҷикистон, ки дар марзи ин кишварҳо чанде қабл доир шуд, мегуфтед.
Лозим ба ёдоварист, ки дар чаҳорчӯби созишномаи миёни ин кишварҳо дар қаламрави Афғонистон афсарони мо дар ҳамкорӣ бо афсарони афғон барои ҷамъоварии иттилоъот ва ироаи он ба ҳамтоёни афғон фаъъолият мекунанд. Ин ҳамкориҳо миёни мо аз соли 2005 то ба ҳол идома доранд ва дар ҷараёни ин ҳамкориҳо беш аз 250 амалиёти муштарак анҷом шуд. Дар ин муддат танҳо дар қаламрави Афғонистон беш аз 12 тунн маводди мухаддир аз қочоқбарон мусодира шуд.
Дар ин амалиёт беш аз 200 қочоқчӣ, аз ҷумлаи шаҳрвандони афғон ва тоҷик боздошт шуда ва аз онҳо миқдори зиёди аслиҳа низ мусодира шудааст. Афзун бар ин, дар манотиқи шимоли Афғонистон ҳудуди 60 лобротурии тавлиди маводди мухаддир кашф ва нобуд шудааст.
Мо дар тобистони соли ҷорӣ барои бори нахуст таҳти сарпарастии Идораи назорат бар маводди мухаддир ва ҷароими СММ дар се минтақаи марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон дар вилоёти Бадахшони ду кишвар корзори байналмилалиро доир карда ва дар онҳо паёмҳои ҳушдордиҳанда дар мавриди хатароти ношӣ аз масраф ва қочоқи маводди мухаддирро барои сокинон тавзеҳ додем.
Ин маҳфилҳо бо ҷалби варзишкорон, ҳунармандон ва афроди саршиноси ду ҷониб баргузор шуданд. Дар ҷараёни он ҷузваҳо ба забонҳои тоҷикӣ-дарӣ ва русӣ, ки дар онҳо дар мавриди нишонаҳои нахустин аз масрафи маводди мухаддир дар бадани инсон ва иқдоми баъдии волидон барои ҷилавгирӣ аз он нашр шуда, дар миёни ширкаткунандагон тавзеъ шуд.
Оё ниҳоди Шумо ба ҷуз аз баргузории ҳамоиши моҳи ноябр, барои омодагӣ ба тағйироти эҳтимолӣ дар минтақа пас аз соли 2014 иқдоми дигареро низ рӯйи даст гирифтааст?
Масъалаи мубориза бо маводди мухаддир, қочоқи аслҳа ва теруризмро раҳбари кишвари мо ҳамеша таҳти назорат дорад. То соли 2012 дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон се барномаи миллӣ роҳзандозӣ шуда буд. Ҳамакнун мо истротежии миллии мубориза бо маводди мухаддирро барои солҳои 2013 то 2020 тарҳрезӣ кардем. Ин тарҳ натанҳо мубориза бо масрафи ин маводд ва тарбияти афрод ва мутобиқ кардани қонунҳо бо меъёрҳои байналмилалиро дар назар гирифтааст, балки дар меҳвари ин санад тақвияти зарфияти нерӯҳои интизомӣ, аз ҷумла марзбонон, боло бурдани сатҳи ҳирфаии кормандони ин ниҳодҳо, афзоиши сатҳи иттилоърасонӣ дар мавриди хатароти ношӣ аз масрафи маводди мухаддир барои мардум қарор дорад. Ҳамчунин тарҳ барномаҳои мубориза бо маводди мухаддир ва ҳамкориҳо дар арсаи байналмилалиро низ дар назар гирифтааст.
Оё барои иҷрои ин тарҳ Тоҷикистон метавонад ба танҳоӣ иқдом кунад ё ба кумакҳои молии кишварҳои пешрафта ҳамчунон ниёз вуҷуд дорад?
Ин тарҳ ҳоло барои баррасӣ ба вазоратхонаҳои зирабти Тоҷикистон ирсол шудааст. Лоиҳа ҳамчунин ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Идораи назорат бар маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид барои баррасӣ ва ҳамчунин ҷалби кишварҳои кумаккунанда барои сармоягузорӣ дар он ирсол шудааст.
Замоне, ки мо дар мавриди кишварҳои кумаккунанда мегӯем, қабл аз ҳама мо кишварҳоеро, ки ба истилоҳ масрафкунандаи ин маводд ҳастанд, дар назар дорем. Зеро мубориза бо ин маводди дар хатти аввал бештар ба суди ин кишварҳост. Мехоҳам таъкид кунам, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон омода ҳастанд, дар ин замина бо мо ҳамкорӣ кунанд.
Кишвари мо барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ бо дарназардошти қонунҳои мавҷудаи кишвар омода аст.
Ин иттилоъ, ки гӯиё 30 дар сади маводди мухаддири қочоқшуда аз Афғонистон аз масири шимолӣ, яъне аз қаламрави Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа интиқол меёбад, то чи андоза дуруст аст?
Иттилоъи ахир дар мавриди интиқоли ин мавод аз масири шимол 25 дарсад аст, вале дар масири шимолӣ ду кишвари дигар-Узбакистон ва Туркманистон низ мавҷуд аст. Вале умдатан ҳангоми арзёбӣ дар ин замина аз ин ду кишвар ном бурда намешавад. Мо дар ин бора ба масъулони Идораи назорат бар маводди мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид низ номаи эътирозӣ фиристодем.
Ҳамчунин дар заминаи арзёбӣ ва пешбинии дар мавриди афзоиши кишти хашхош ва интиқоли маводди мухаддир низ иттилоъоти зиддунақиз вуҷуд дорад. Барои мисол, ҳарчанд коршиносони байналмилалӣ дар бораи афзоиши кишти хашхош дар вилояти Бадахшон гузориш медиҳанд, вале мақомоти афғон баръакси ҳолро мегӯянд, ки дар ин вилоят кишти хашхош коҳиш ёфта.
Мутаассифона ҳамаи коршиносон таҳқиқоти дақиқ анҷом намедиҳанд ва арзёбии нодуруст ба вуҷуд меояд. Ҳатто ин коршиносон имкони сафар ба бархе аз манотиқи Афғонистонро ба далели амниятӣ надоранд.
Ба таври мухтасар натоиҷи фаъъолияти ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон дар соли ҷориро шарҳ медодед?
Мехоҳам бо овардани чанд омор фаъъолияти ин ниҳодҳоро бароятон арзёбӣ кунам. Дар ибтидои солҳои 1990 асри гузашта дар Тоҷикистон нерӯҳои интизомии ин кишвар дар сол аз 10 то 15 килугромм маводди мухаддири навъи шоҳдонаро аз қочоқчиён мусодира мекарданд. Аммо аз аввали соли ҷорӣ то ҳол нерӯҳои интизомии Тоҷикистон ҳудуди се тунн маводди мухаддир аз қочоқчиён кашф ва мусодира карданд. Аз аввали соли 1994 то имрӯз дар Тоҷикистон 99 тунн ва 208 килугромм маводди мухаддир кашф ва забт кардаанд, ки 33 дарсади онро ҳеруин ташкил медиҳад. Яъне ин миқдор метавонист 42 милюн сокини кишварҳои ҷаҳонро муътод кунад.
Аз соли 2010 дар Тоҷикистон гароиш ба афзоиши мусодираи ин маводд аз қочоқбарон мушоҳида мешавад. Мо чанде қабл ҳамроҳ бо кормандони интизомии Чин ду нафар аз сокинони Ниҷерияро, ки қасди интиқоли маводди мухаддир аз Покистон тавассути хоки Афғонистон ба Чинро доштанд, боздошт кардем.
Бархе аз расонаҳои Русия ва ҳамчунин мақомоти он кишвар гаҳ-гоҳе аз ҳамдаст будани мақомоти баландпояи тоҷик бо гурӯҳҳои қочоқчӣ садо баланд мекунанд, посухи Шумо ба ин иддаъоҳо чи ҳаст?
Мо дар ҳамоишҳои мухталиф ошкор эътироф мекунем, ки иддае аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ, яъне онҳое, ки дар китфҳои худ нишонаҳои афсарӣ доранд ва ҳадафи онҳо мубориза бо қочоқчиён аст, бо қочоқбарон ҳамкорӣ мекунанд. Аз ҷумла дар чанд соли фаъъолият, баъзе кормандони ожонси мо ва бархе кормандони пулис бо гурӯҳҳое аз қочоқчиён ҳамдастӣ карда ва боздошту муҷозот шуданд. Ҳамчунин дар миёни боздоштшудагон иддае аз афроди ғайринизомӣ, ки дар Тоҷикистон мақоми қобили таваҷҷуҳеро доранд, барои ҳамдастӣ бо қочоқбарон боздошт шудаанд.
Вале ин ки кадом мақоми давлатӣ ба истилоҳ гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчиёнро, ки дар берун аз кишвар фаъъолият мекунанд, "ҷонибдорӣ" ё "кришоват" мекунад, ин нодуруст аст.
Ниҳоди Шумо бо кормандони интизомии Ӯзбакистон дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир ҳамкорӣ мекунад ё хайр?
Мо бо ниҳодҳои интизомии Узбакистон дар чаҳорчӯби созишномаҳои дуҷониба ва чандҷонибаи созмонҳои мухталиф, ки кишварҳоямон узви онҳост, кор мекунем. Барои ҳамкории мустақим ва ё баргузории амалиёти якҷоя мо омода ҳастем, ки бо кормандони идораҳои мубориза бо маводди мухаддири он кишвар ҳамкорӣ кунем.
Ташаккур аз сӯҳбат.
