Боздошти як узви гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчбарон дар Хоруғ

Дар Бадахшон боз як узви гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчиёни маводди мухаддир боздошт шудааст. Дар ин бора масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ ин сокини 30-солаи рустои Хоса дар ноҳияи Поршинев дар ҳумаи шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят боздошт шудааст.
Кормандони ожонс хабар додаанд, ки дар робита ба ин фард парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқот барои ошкор кардани аъзои дигари ин гурӯҳи созмонёфта идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар чорчӯби амалиёте вижа зери унвони “Кӯкнор-2013” дар ҳафтаи гузашта, ду нафар аз аъзои як хонавода дар ноҳияи Поршиневро боздошт ва аз онҳо миқдори қобили мулоҳизаи ҳеруин мусодира кардаанд.
Амалиёти “Кӯкнор”, иқдоми ҳамасолаи ниҳодҳои мубориза бо кишти хашхош, тавлид ва фурӯши маводди мухаддир дар сартосари Тоҷикистон аст ва маъмулан аз фасли баҳор оғоз ёфта ва то авохири пойиз идома меёбад.
Зимнан дар моҳи июни соли 2009 дар чорчӯби амалиёти “Кӯкнор-2009” дар шарқи ин кишвар Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва фармондеҳи пешини мухолифон дар мавзеъи Чилдараи ноҳияи Тавилдара ба таври мармуз кушта шуда буд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон он замон гуфта буданд ки вай дар тирандозии гурӯҳе номаълум кушта шуд. Мақомот зимни тафсири ин ҳодиса гуфта буданд, ки Мирзо Зиёев ва ҳамдастони ӯ дар солҳои пеш гурӯҳе "ҷинояткор"-ро созмон дода буданд ва зимни ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои теруристӣ, аз ҷумла Ҷунбиши исломии Узбакистон, ба қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба Қирғизистон аз тариқи масири Дарвоз-Тавилдара-Рашт-Ҷиргатол машғул буданд.
