Афзоиши қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Масъулони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон аз афзоиши мавориди қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузориш додаанд.
Саъдулло Раҳматуллоев, муъовири раиси ситоди Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон (ОНММТ), рӯзи чоршанбеи 13 ноябр, ба Би-би-сӣ гуфт, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар манотиқи марзӣ ва дохили Тоҷикистон аз қочоқбарон ба миқдори 5 туну 371 килугромм маводди мухаддир кашф ва мусодира шудааст, ки дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 7 дарсад бештар будааст.
Зимнан, тибқи гузориши Идораи маводди мухаддир ва ҷароими СММ, ки рӯзи чоршанбеи 13 ноябр дар сойти интернетии ин ниҳод мунташир шудааст, дар соли ҷорӣ майдони кишти хашхош дар Афғонистон 209 ҳазор ҳектур будааст, ки дар муқоиса ба арқоми соли гузашта 36 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Бино ба ин гузориш, мумкин аст аз маҳсули хашхоши соли ҷорӣ 5,5 ҳазор тун маводди мухаддир тавлид шавад, ки дар муқоиса ба арқоми соли гузашта 49 дарсад зиёд буда ва бархе аз маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз тариқи ин кишвар ба Русия ва кишварҳои Урупо мунтақил шавад.
Оқои Раҳматуллоев гуфт, ба манзури муқобала бо қочоқи маводди мухаддир дар канори таҳкими марз бо Афғонистон ин кишвар бо ниҳодҳои зирабти Афғонистон, Русия, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марз ва дохили Афғонистон амалиёти муштарак гузарондаанд.
Ҳамчунин, қарор аст, ба ибтикори Тоҷикистон дар авохири моҳи ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ширкати вазирону раисони ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддири Афғонистон, Покистон, Русия, Чин, Омрико, Туркия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ нишасте баргузор шавад.
Масъулони ОНММТ гуфтанд, дар ин ҳамоиш мавзӯъи ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза алайҳи маводди мухаддир дар Афғонистон дар пайи хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз ин кишвар дар авохири соли оянда матраҳ хоҳад шуд.
Қаблан, Рустам Назаров, раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, дар ҳамоишҳои байналмилалӣ хостори бунёди “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон, таъсиси Эътилофи байналмилалӣ алайҳи маводди мухаддир ва ташкили Маркази алайҳи маводди мухаддири кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати хориҷаи Омрико дар гузориши худ дар авоили соли ҷорӣ маводди мухаддирро аз ҷумлаи авомили густариши фасод дар сохторҳои давлати Тоҷикистон унвон карда буд.
Дар ин гузориш ба истинод ба манобеъи СММ таъкид шуда буд, ки ҳамасола ҳудуди 75 тун маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз ин кишвар ба Русия ва Урупо мунтақил мешавад. Бино ба гузориши Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ бахше аз ин маводди мухаддир дар дохили Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ масраф мешавад.
Тибқи иттилоъи ин созмон, феълан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди 70 ҳазор нафар, аз ҷумла, дар Тоҷикистон 7255 нафар муътоди маводди мухаддир сабт шудааст.
