Боздошти узви як гурӯҳи "табаҳкори фаромиллӣ" дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон як узви як гурӯҳи ба истилоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон "табаҳкори фаромиллӣ" аз ҷониби кормандони ин ниҳод боздошт шудааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Абдуғаффор валади Гулаҳмад, зодаи ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундузи Афғонистон, ба ҳангоми интиқоли 15 килуграм афюн дастгир шудааст.
Ҳамчунин, аз ӯ ду адад туфанги "МП-512" ва туфанги "Калашников" кашф ва мусодира шудааст.
Ин манбаъ гуфтааст, ки Абдуғаффор валади Гулаҳмад як тан аз аъзои гурӯҳи табаҳкори фаромиллӣ маҳсуб шуда ва ба интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул будааст.
Гуфта мешавад, Абдуғаффор валади Гулаҳмади 38-сола дар ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ба унвони паноҳанда сабти ном шуда ва бо хонаводааш дар ин кишвар ба сар мебарад.
Тибқи иттилоъи манобеъи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар мавриди ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва амалиёт барои хунсо кардани аъзои дигари ин гурӯҳ идома доштааст.
