Муҳокимаи ду тоҷик дар Пешовари Покистон
Рӯзи 28-уми октябр Додгоҳи олии Пешовар дар ҷаласае озодии таҳти замонати ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар ин шаҳр радд кард.
Тибқи гузоришҳои расонаҳои покистонӣ кормандони Нерӯҳои Мубориза бо Маводди Мухаддири Покистон ин ду тоҷикро 19-уми майи соли ҷорӣ бо 1,305 килу маводди шимиёӣ, ки барои таҳияи ҳеруин истифода мешавад, боздошт кард.
Тибқи иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ пештар додгоҳ ин афродро таҳти замонат аз боздошт раҳо карда буд, аммо масъулони Нерӯҳои Мубориза бо Маводди Мухаддири Покистон рӯзи душанбе асноди бештареро ба додгоҳ дар робита ба қочоқбарии ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ирсол карда ва додгоҳи олӣ озодии таҳти замонати ин афродро лағв кардааст.
