Кашфи миқдори зиёди ҳеруин дар қатори Душанбе - Маскав

  • 2 Декабр, 2013
Қатор
Image caption Дар қатори Душанбе - Маскав беш аз 32 килугромм ҳеруин кашф шудааст

Дар вилояти Аштархони Русия дар қатори мусофирбари масири "Душанбе-Маскав" беш аз 32 килугромм ҳеруин кашф ва мусодира шудааст.

Ин ҳодиса шаби якшанбеи 1 декабр, ба ҳангоми тафтиши вогунҳо аз ҷониби кормандони Идораи марзбонии Русия иттифоқ афтодааст.

Ирина Ғафурова, намояндаи Идораи марзбонии Русия дар вилояти Аштрахони Русия ба "Интерфакс"-и хабаргузории ин кишвар гуфтааст, маводди мухаддир дар 21 бутали якунимлитрии плостикӣ ҷой дода шудаанд.

Хонуми Ғафурова аз шарҳи тафсилоти ин ҳодиса ва ном бурдани афроди боздоштшуда ба иттиҳоми қочоқи ин маводди мухаддир худдорӣ кардааст.

Ҳамзамон, ӯ таъкид карда, дар моҳи январи соли ҷорӣ низ дар вилояти Аштархон аз қатори мусофирбари масири "Душанбе-Маскав" ба миқдори 27 килугромм ҳеруин мусодира шуда ва ба дунболи он ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" куллияи роҳбаландони ин қаторро сабукдӯш карда буд.

Гуфта мешаваад, дар соли ҷорӣ дар вилояти Аштархони Русия аз қаторҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ 150 килугромм ҳеруин кашф ва мусодира шудааст.

Як манбаъи ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, то ҳол дар мавриди мусодираи миқдори бузурги ҳеруин дар қатори мусофирбари Тоҷикистон дар Русия иттилоъи дақиқ нарасидааст.

Зимнан, дар моҳи апрели соли ҷорӣ Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазир ва Геннадий Онишенко, раиси Идораи назорати беҳдории Русия, дар истгоҳи Оқсаройи вилояти Аштархони Русия аз қатори мусофирбари "Душанбе-Маскав" дидан карда ва онро барои интиқоли мусофирон ғайри қобили истифода хонда буданд.

Афзун бар ин, дар ҳудуди Русия мавориди зиёди кашф ва мусодираи маводди мухаддир дар қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон сабт шуда ва дар як филми мустанади телевизиюни Русия қаторҳои Тоҷикистон "қаторҳои марги сафед" унвон шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар авохири ҳафтаи гузашта Тоҷикистон мизбони ду ҳамоиши байналмилалӣ дар масоили маводди мухаддир буд.

Дар ҳамоиши аввал, ки рӯзи ҷумъаи 29 ноябр баргузор шуд, масъулони ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддири 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Русия, Туркия, Чин, Омрико ва Эрон имкони афзоиши кишти хашхошу тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз кишвар дар соли оянда ва ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддирро баррасӣ карданд.

Дар кунфаронси ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир дар рӯзи шанбеи 30 ноябр, ки бештари ширкаткунандагони он сокинони манотиқи марзии ин ду кишвар буданд, мавзӯъи ҳамкориҳои чандҷонибаи ниҳодҳои зирабт ва сокинони маҳаллҳо алайҳи кишт, тавлид ва қочоқи маводди мухаддир матраҳ гардид.

Бино ба гузориши Идораи маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид дар соли ҷорӣ майдони кишти хашхош дар Афғонистон ба 209 ҳазор ҳектур расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди соли гузашта 36 дарсад бештар будааст.

Матолиби муртабит