Нигаронӣ аз афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон баъд аз соли 2014

Дар ҳамоиши раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон намояндагони куллияи кишварҳои минтақа аз эҳтимоли афзоиши кишти хашхош ва қочоқи маводди мухаддир дар Афғонистон баъд аз соли 2014 изҳори нигаронӣ карданд.
Ҳамчунин, дар ин нишаст, ки намояндагони кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон ва иддае аз кишварҳои ҷаҳон дар он ширкат мекунанд, талошҳо барои мубориза бо кишти хашхош ва тавлиди маводди мухаддир дар қаламрави Афғонистон нокофӣ арзёбӣ шуд.
Аз сӯйи дигар, бисёре аз суханонронон дар нишаст ба ин нукта таъкид карданд, ки Афғонистон наметавонад батанҳоӣ аз гирифториҳои марбут ба маводди мухаддир дар он кишвар раҳоӣ ёбад.
Мубтакири аслии ин ҳамоиш, ки субҳи рӯзи ҷумъаи 29 ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз шуд, Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон буда ва дар ин нишаст ба ҷуз аз намояндагони панҷ кишвари Осиёи Миёна, масъулони зидахли Афғонистон, Русия, Туркия, Чин, Омрико ва Эрон ширкат мекунанд.
Ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳодияи Урупо ва Созмони Милали Муттаҳид, дар ин нишаст ширкат доранд ва ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳамоиши аввалин дар чунин сатҳ “Муколамаи Душанбе” ном бигирад.
'Шикаст дар мубориза бо маводди мухаддир'
Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки кишти хашхош ва қочоқи маводди мухаддир дар солҳои ахир аз чорчӯби мушкилоти миллӣ фаротар рафта ва ба як хатари ҷиддии байналмилалӣ ё ҷаҳонӣ табдил шудааст.
Як Кубиш, фистодаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, бо изҳори таассуф дар ин бора гуфт, ки дар се соли ахир вазъи кишти хашхош ва тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст.
Оқои Кубиш афзуд: “Ин баёнгари он аст, ки на танҳо Афғонистон, балки мо ҳама, ҳам ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ҳам кишварҳои минтақа, ҳам созмонҳои байналимилалӣ ва ҳам худи Афғонистон ва онҳое, ки дар он кишвар фаъъолият мекунанд, то ҳол дар ин замина (мубориза бо маводди мухаддир) номуваффақ мондаанд."
"Бо ин ҳол, Афғонистон дар чанд соли ахир дар ислоҳи сохторҳои давлатӣ ба пешрафтҳое ноил шуда ва дӯстони афғони мо аз ҷумлаи ниҳодҳои интизомӣ бо қочоқи маводди мухаддир муборизаи қаҳрамонона мекунанд ва ҷонҳои худро аз даст медиҳанд, ки инро ҳам набояд фаромӯш кард.”
Оқои Кубиш ҳамчунин таъкид кард, ки Афғонистон батанҳоӣ наметавонад аз ин буҳрон берун ояд. Вай гуфт, ки тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои ҳамҷавор ва ҷаҳон бо Афғонистон барои мубориза бо маводди мухаддир созанда хоҳад буд.
Вай афзуд, ки дар сурати адами чунин ҳамкориҳо, тавофуқоти бадастомада дар ҳамоишҳои мухталиф дар ин замина танҳо рӯйи коғаз боқӣ хоҳанд монд.
Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо ҳокист, ки дар бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, даст доштани иддае аз кормандони интизомӣ ва амниятӣ дар қочоқи маводди мухаддир ва ё ҳамдастӣ бо қочочиён ба мушоҳида расидааст.
Аз сӯйи дигар, иддае аз коршиносони масоили сиёсӣ сабаби дигари нокомии мубориза бо ин падидаи номатлуб дар минтақаро фасоди густарда дар миёни мақомоти давлатӣ ва ҳирфаӣ набудани иддае аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ медонанд.
Кумаки иқтисодӣ ба Афғонистон
Женерол Бозмуҳаммади Ҳамадӣ, муъовини Вазири умури дохилаи Афғонистон дар умури мубориза бо маводди мухаддир, мегӯяд, ки агар ҷомеъаи байналмилалӣ аз Афғонистон ҳимоят накунад, қочоқ ва кишти хашхош дар ин кишвар баъд аз хурӯҷи низомиёни НОТУ дар соли 2014 мумкин аст афзоиш ёбад.
Вай мегӯяд, ки кишвараш умед дорад, ки дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои мантақа ва таъсиргузор роҳро барои ҳамоҳангсозии фаъъолиятҳои хеш дар заминаи ҳамкорӣ бо Афғонистон боз кунанд.
Оқои Ҳамадӣ дар бораи нақши Тоҷикистон дар ин замина гуфт: “Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир бо Афғонистон дар арсаҳои табодули иттилоъот, баргузории амалиётҳои муштараки зидди интиқол ва тавлиди маводди мухаддир ҳамкорӣ мекунад.”
Ин масъули вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, ки эҷоди машоғил барои мардуми афғон, тавсеъаи кишоварзӣ ва беҳбудии вазъи иқтисодии сокинон метавонад кишти хашхош ва тавлиди маводди мухаддир дар он кишварро бамаротиб коҳиш диҳад.
Женерол Рустам Назаров, раиси Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон, низ дар ин ҳамоиш аз ҳамкориҳои ниҳоди хеш бо кормандони масъули Афғонистон иттилоъ дод.
Женерол Назаров гуфт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар манотиқи марзӣ ва дохили Тоҷикистон ниҳодҳои мухталифи интизомӣ ва амниятӣ аз қочоқбарон ба миқдори 5 туну 371 килуграм маводди мухаддир кашф ва мусодира кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2012 ҳудуди 7 дарсад бештар аст.
Тоҳо Тоҳирӣ, муъовини раиси ситоди мубориза бо маводди мухаддири Эрон, ба нақши кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон барои ҳамкорӣ дар заминаи коҳиши кишти хашхош ва қочоқи он таъкид кард.
Оқои Тоҳирӣ дар мавриди интизороти Эрон аз ин нишаст мегӯяд: “Ба назари ман, нишасти мантақаӣ сиёсатҳои яксонеро барои давлатҳои ҳамҷавор ва даргир дар масъалаи Афғонистон эҷод хоҳад кард, ки битавонанд тавлид ва таҳдидоти ношӣ аз терурисм ва маводди мухаддирро коҳиш бидиҳанд."
"Мо ҳамсояи бузурге бо Афғонистон ҳастем ва бо ин кишвар як марзи тӯлонӣ дорем ва куллан кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон метавонанд ба ин кишвар кумак кунанд, ки бо тарҳҳои муносиби амниятӣ ва иқтисодӣ тавлидоти Афғонистон ба тавлидоти ғайр аз тарёк ва хашхош табдил бишавад.”
Талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ
Масъулони эронӣ мегӯянд, ки масъалаи аслии таҳдид барои амният ва иҷтимоъ дар кишварашон маводди мухаддир буда ва Эрон солиёна аз қочоқ ва масрафи маводди мухаддир талафоти ҷонӣ ва хисороти молии ҳангуфтеро мутаҳаммил аст.
Тавре ки Тоҳо Тоҳирӣ, муъовини раиси ситоди мубориза бо маводди мухаддири Эрон, ба Би-би-сӣ гуфт: “Дар Эрон ҳамасола беш аз се ҳазор нафар аз муътодон ҷонҳои худро аз даст медиҳанд. Беш аз чандсад нафар аз кормандони нерӯҳи интизомӣ ва низомӣ ҳамасола дар даргириҳо бо аъзои шабакаҳои бузурги қочоқи маводди мухаддир ба шаҳодат мерасанд.”
Ҳамчунин, оқои Тоҳирӣ афзуд, ки иқтисоди ношӣ аз ҳамл, тронзит ва қочоқи маводди мухаддир ҷароими созмонёфта ва терурисмро дар Эрон афзоиш медиҳад. Вай мегӯяд, ки танҳо ҳалли мушкили маводди мухаддир ҳамкориҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва кишварҳои минтақа аст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон низ аз ҳудуди 70 мавриди даргириҳо бо гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбар дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар се соли ахир гузориш доданд ва гуфтанд, ки ин даргириҳо аз ҷониби кормандони интизомӣ ва марзбонон талафоти ҷонӣ доштааст.
Дар Афғонистон расман беш аз як милюн сокин ба унвони муътод ба маводди мухаддир сабт шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамасола садҳо нафар аз онҳо бар асари масрафи ин мавод ҷон медиҳанд.
Аз сӯйи дигар, мақомоти Русия низ дар сутуҳи мухталиф аз ворид шудани хисрот ба иқтисоди кишварашон ва афзоиши маргу мири ҷавонон дар асари масрафи ин мавод сухан мекунанд. Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар Русия ҳамасола беш аз сад ҳазор нафар аз сокинони умдатан ҷавон аз масрафи маводди мухаддир ҷон медиҳанд.
Мақомоти кишвари Русия мегӯянд, ки дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва ба хотири дифоъ аз марзҳои ҷанубии Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд ба марзбонони Тоҷикистон кумакҳои лозимаро ироа хоҳанд дод.
“Бумборони майдонҳои кишти хашхош”
Ин дар ҳолест, ки гузориши Идораи назорат бар маводди мухаддир ва ҷароими СММ ҳокӣ аз афзоиши майдони кишти хашхош дар Афғонистон дар соли ҷорӣ аст. Тибқи ин гузориш, майдони кишти хашхош 209 ҳазор ҳектор буда ва дар муқоиса бо арқоми соли гузашта 36 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Тавре ки дар ин гузориш омадааст, имкон дорад дар Афғонистон аз маҳсули хашхош дар соли ҷорӣ беш аз панҷ ҳазор тун маводди мухаддир тавлид шавад, ки дар муқоиса бо арқоми соли гузашта 49 дарсад зиёд аст. Ин мавод аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз ин кишвар ба Русия ва кишварҳои Урупо мунтақил мешавад.
Ҷониби Русия дар сутуҳи мухталиф мукарраран пешниҳоди нобуд кардани барги кукнор аз тариқи ҳавопаймо (дефолиация) дар Афғонистонро ироа дода буд.
Олег Сафонов, муъовини раиси Идораи федероли Русия дар умури мубориза бо маводди мухаддир, мегӯяд, ки нобудсозии кукнор дар макони тавлиди он метавонад мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар минтақаро муассиртар созад.
Вай пазируфта нашудани ин пешниҳоди Русияро ба “истондорди дугона” дар муносиботи кишварҳои ғарбӣ дар сиёсати Афғонистон рабт дод ва гуфт, ки истифодаи номуассир аз кумакҳои молӣ ба Афғонистон яке дигар аз мушкилоти пешорӯйи он кишвар ва нокомии мубориза бо маводди мухаддир аст.
Аз сӯйи дигар, оқои Сафонов афзуд, ки тибқи арзёбии СММ ҳамасола иттиҳодияҳои ҷиноии маводди мухаддир беш аз 700 милёрд дулорро аз тариқи пулшӯйӣ қонунӣ мекунанд.
Ӯ афзуд: “Мавҷудияти ин лоби (loby) дар Ғарб барои мубориза бо ин мавод дар ҷаҳон мушкил эҷод мекунад. Ва сармояи иттиҳодияҳои ҷиноии маводди мухаддир авзоъ дар ҷаҳонро бесубот мекунад.”
Ин дар ҳолест, ки яке аз пешниҳодҳои матруҳа дар ҳамоиши имрӯзи раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон ба давлати Афғонистон тасвиби сареъи қонуни ҷилавгирӣ аз қонунӣ сохтани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терурисм буд.
