Давлати Афғонистон: Тасмими ниҳоӣ дар мавриди имзои мувофиқатномаи амниятӣ бо Карзай аст

Cухангӯйи раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, то замоне ки Омрико шароити Афғонистонро қабул накунад, Ҳомиди Карзай ба ҳеҷ як аз вузарои кобинеаш иҷоза нахоҳад дод, то мувофиқатномаи амниятиро имзо кунад.
Давлати Афғонистон пас аз он ба ин мавзӯъ вокуниш нишон медиҳад, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, гуфт, ки тавофуқномаи амниятӣ аз сӯйи вазири дифоъ ё вазири хориҷаи Афғонистон имзо шавад.
Раиси ҷумҳур Карзай пас аз поёни Луя Ҷиргаи машваратӣ, ки чанд рӯз пеш мувофиқатномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Омрикоро таъйид кард, ду шарти ҷадид барои имзои ин мувофиқатнома матраҳ кард.
Аймал Файзӣ дар мавриди ин шароит гуфт:"Яке хатми комили амалиёти низомӣ, чи ҳавоӣ ва чи заминӣ аз ҷониби нерӯҳои хориҷӣ болои хонаҳои мардуми Афғонистон аст ва дувум оғози амалии раванди сулҳ аст."
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дар ҳошияи нишасти вузарои хориҷаи НОТУ дар Бруксел гуфт: "Талош барои пешбурди ин мувофиқатнома муҳим аст. Ҳатман набояд раиси ҷумҳурӣ онро имзо кунад, вазири дифоъ метавонад онро имзо кунад, давлат ҳам метавонад имзо кунад ё ҳар касе ки метавонад масъулияти онро қабул кунад. Имзои ин тавофуқнома барои барномарезии мо муҳим аст. Хеле сабр кардем. Талоши мо ин аст, ки манобеъи молии лозимро барои идомаи фаъъолиятҳоямон дар Афғонистон таъмин кунем. Дар ҳоле ки ҳоло намедонем онҳо мехоҳанд чи кор кунанд."
Дабири кулли НОТУ низ дар ин нишаст гуфт, ки Ҳомид Карзай танҳо касе нест, ки ҳатман бояд ин мувофиқатномаро имзо кунад, аммо мақомоти афғон мегӯянд, ки ба ҷуз аз раиси ҷумҳурии Афғонистон каси дигаре наметавонад тасмими ниҳоӣ дар ин мавридро иттихоз кунад.
Ҷонон Мусозай, сухангӯйи вазорати хориҷаи Афғонистон, низ ки дар Бруксел бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ки давлати Афғонистон аз мувофиқатномаи амниятӣ ҳимоят мекунад ва онро дар "замони муносиб" имзо хоҳад кард.
Ӯ гуфт: "Дар ҳар сурат раиси ҷумҳурии Афғонистон тасмим хоҳад гирифт, ки мувофиқатномаи амниятӣ дар сатҳи руасои ҷумҳурӣ имзо хоҳад шуд ё дар сутӯҳи мухталиф миёни ду давлат."
Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Русия, ки дар нишасти вузарои хориҷаи НОТУ дар Бруксел ширкат карда, гуфтааст, ки ҳар навъ маъмурияти ҷадиди НОТУ дар Афғонистон бояд аз сӯйи Шӯрои Амнияти СММ тасвиб шавад.
Русия яке аз аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ аст, ки аз қудрати вету бархӯрдор аст.
Агар мувофиқатномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Омрико имзо шавад, то ҳудуди 15 ҳазор нерӯи омрикоӣ ва теъдоде нерӯ аз дигар кишварҳои узви НОТУ метавонанд пас аз поёни маъмурияти размии нерӯҳои НОТУ дар поёни соли 2014 дар Афғонистон боқӣ бимонанд.
Ба гуфтаи мақомоти НОТУ маъмурияти аслии ин нерӯҳо пас аз нерӯҳои амниятии Афғонистон хоҳад буд.
Бар асоси пешнависи кунунии мувофиқатномаи амниятӣ, ки аз сӯйи Луя Ҷиргаи машваратӣ таъйид шуд, нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон пас аз 2014 дар пойгоҳҳои Багром, Багром, Кобул, Мазори Шариф, Ҳирот, Қандаҳор, Шинданд, Гардез ва Ҳилманд ҳузур хоҳанд дошт.
