Ихтилофи Омрико ва Афғонистон дар бораи замони имзои мувофиқатномаи амниятӣ

Иёлоти Муттаҳида гуфтааст мувофиқатномаи амниятӣ бо Афғонистон бояд қабл аз поёни соли ҷории мелодӣ, яъне шаш ҳафтаи дигар имзо шавад; дар ҳоле ки раиси ҷумҳурии Афғонистон мегӯяд ин мувофиқатнома то қабл аз интихоботи ин кишвар имзо намешавад.
Пештар Ҳомиди Карзай дар маросими гушоиши Луя Ҷирга гуфта буд ҳатто агар муфоди ин мувофиқатнома аз сӯйи Луя Ҷирга гуфта буд ҳатто агар муфоди ин мувофиқатнома аз сӯйи Луя Ҷирга таъйид шавад ва порлумони Афғонистон низ онро тасвиб кунад, имзои он аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ ба баъд аз интихобот мавкул хоҳад шуд.
Ин интихобот камтар аз панҷ моҳи дигар баргузор мешавад.
Луя Ҷирга бояд ин мувофиқатномаро таъйид кунад ва пас аз он дар Маҷлиси Афғонистон ба раъй гузошта хоҳад шуд.
Бо ин мувофиқатнома, ки Омрико ва Афғонистон як рӯз пеш эълом краданд дар бораи матнаш ба тавофуқ расидаанд, имкони боқӣ мондани бахше аз нерӯҳои низомии Омрико пас аз соли медодӣ ҷорӣ фароҳам шавад.
Баровурдҳо дар бораи ин нерӯҳо то 15 ҳазор нафар аст, вале Омрико мегӯяд ҳанӯз дар ин бора тасмиме нагирифтааст.
Рӯзҳи панҷшанбе дар маросими гушоиши нишасти чаҳоррӯзаи Луя Ҷирга дар Афғонистон бо ҳузури 2500 намоянда аз сартосари ин кишвар оқои Карзай аз онон хосст, ки мувофиқатномаи ҷадидро таъкид кунанд.
Бо ин ҳол, лаҳни суханони Ҳомиди Карзай, бозтобдиҳандаи душвориҳое буд, ки ҳар ду сӯ дар моҳҳои гузашта барои ба натиҷа расидан дар бораи ҷузъиёти мувофиқатнома бо он рӯбарӯ буданд.
Пешнависи ин мувофиқатнома чанд соъат пеш аз гушоиши Луя Ҷирга мунташир шуд.
Шаш моҳ ё шаш ҳафта?
Оқои Карзай дар ин маросим шарти тозаеро барои имзои мувофиқатномаи амнияти Омрико матраҳ кард.
Ҳомиди Карзай гуфт: "Агар ҷирга мувофиқатномаро таъйид кунад ва маҷлиси Афғонистон онро тасвиб кунад, ин мувофиқатнома танҳо замоне имзо хоҳад шуд, ки интихоботи мо бахубӣ ва боиззат ба поён бирасад. Мо иштибоҳоти интихоботи гузаштаро такрор нахоҳем кард."
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар камтар аз панҷ моҳи дигар баргузор мешавад ва рӯиҳамрафта имзои ин мувофиқатнома тибқи замонбандии эъломшудаи Ҳомиди Карзай то ҳудуди шаш моҳ тӯл мекашад.
Оқои Карзай, ки то кунун ду давра раиси ҷумҳури ин кишвр шуда, наметавонист барои ин интихобот номзад шавад.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Ағонистон дар ин бора ба суоли Би-би-сӣ посух надод, ки имзои ин мувофиқатнома оё ба давраи оқои Карзай мерасад ё ҷонишини ӯ бояд ниҳоятан онро имзо кунад.
Дар сӯйи дигар Омрико билофосила ин замонбандии эъломшуда аз сӯйи Афғонистонро рад кардааст.
Ҷен Сокӣ, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико гуфтааст: "Ба назари мо ҳар чи зудтар ин мувофиқатнома имзо шавад, то ба Афғонистони пеш аз интихоботи пеши рӯ итминони хотир диҳад ва ба Омрико ва дигар ҳампаймонон ҳам фурсат диҳад дар бораи ҳузури нерӯҳо пас аз соли 1402 барномарезӣ кунанд."
Хонуми Сокӣ афзудааст: "Ин на муфид аст ва на мумкин, ки имзои ин мувофиқатнома беш аз ин ақиб афтад чун билотаклифӣ эҷод мекунад."
Ҷош Эрнест, сухангӯйи Кохи Сафед, низ бар замонбандии мавриди назари Омрико таъкид кардааст: "Муҳим аст , ки ин мувофиқатнома то пеш аз поёни соли ҷории мелодӣ тасвиб ва имзо шавад."
Оқои Эрнест дар айни ҳол таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз дар бораи боқӣ мондани нерӯҳояш пас аз поёни соли ҷории мелодӣ дар Афғонистон тасмиме нагирифтааст.
Қарор аст нерӯҳои чандмиллиятии НОТУ бо оғози соли 2014, ки шаш ҳафтаи дигар сар мерасад, аз Афғонистон хориҷ шаванд.
Бар асоси пешнависи мувофиқатномаи амниятии Омрико ва Афғонстон ин тавофуқ "то поёни соли 2024 ва пас аз он", яъне дастикам 11 сол муътабар мемонад.
Бо ин ҳол, сухангӯйи Кохи Сафед гуфтааст маъмурияти нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон "он қадар ба дарозо намекашад."
