Матни тавофуқи амниятии Афғонистон ва Омрико "ниҳоӣ шуд"

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд дар бораи матни мувофиқатномаи амниятии дуҷониба бо мақомоти афғон ба тавофуқ расидааст. Давлати Афғонистон ҳам як пешнавис аз ин мувофиқатнома мунташир кардааст.
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, гуфтааст: "Мо дар бораи матни ниҳомии муврфиқатномаи амниятии дуҷониба, ки қарор аст фардо, дар Луя Ҷирга ба баҳс гузошта шавад, ба тавофуқ расидаем."
Асри рӯзи чаҳоршане вазорати умури хориҷаи Афғонистон низ пешнависе аз ин мувофиқатномаро мунташир кард, ки ба нерӯҳои омрикоии боқимонда баъд аз поёни соли 2013 масунияти қазоӣ медиҳад.
Мушаххас нест, ки оё манзури оқои Керрӣ ҳамин пешнависе буда, ки вазорати умури хориҷаи Афғонистон мунташир кардааст.
Ин мувофиқатнома роҳро барои боқӣ мондани бархе аз нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон пас аз поёни соли ҷорӣ ҳамвор мекунад.
Рӯзи панҷшанбеи 21 ноябр, қарор аст Луя Ҷиргаи машваратӣ бо ҳузури 2500 нафар аз сартосари Афғонистон дар Кобул баргузор шавад ва дастури кори он баҳс рӯйи матни ин мувофиқатноми амниятии дуҷонибаи миёни Омрико ва Афғонистон хоҳад буд.
Иёлоти Муттаҳида аз пеш гуфтааст танҳо дар сурате бахше аз нерӯҳои низомиашро дар Афғонистон нигаҳ медорад, ки дар бораи масунияти қазоии онон мувофиқат шавад.
Вазири умури хориҷаи Омрико гузоришҳои қаблиро дар ин бора рад кардааст, ки Афғонистон аз Иёлоти Муттаҳида хоста бобати иштибоҳоте, ки дар ҷараёни 12 соли ҷанг дар ин кишвар муртакиб шудааст, узрхоҳӣ кунад.
Ҷон Керрӣ гуфтааст: "Рӯшан бигӯем; раиси ҷумҳурии Карзай, хостори узрхоҳӣ нашудааст. Ҳарфе аз узрхоҳӣ дар байн набудааст."
Оқои Керрӣ дар айни ҳол гуфтааст он бахш аз нерӯҳои омрикоӣ, ки дар сурати тавофуқ, дар Афғонистон боқӣ монанд, "вазифаи хеле маҳдуде доранд."
Ба гуфтаи ӯ, "кори онон фақат омӯзиш, таҷҳиз ва кумакрасонӣ аст. Қарор нест нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар мубориза ва даргириҳо нақш дошта бошанд."
Ихтилофоти рӯйи миз
Вазири умури хориҷаи Омрико таъкид кардааст: "Хеле муҳим аст, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон оқои Карзай бидонад бахубӣ ба масоил,е ки дар солҳои гузашта бо мо дар миён гузошта, пардохта шудааст. Барои мо ҳам хеле муҳим аст, ки бидонем масоиле, ки дар солҳои гузашта бо оқои Карзай дар миён гузоштаем, бахубӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст."
Омрико ва Афғонистон ҳеҷ як ҳозир нашудаанд дар мавориди бахусусе кӯтоҳ биёянд.
Афғонистон муддатҳост бо бозрасии сарзадаи нерӯҳои омрикоӣ аз хонаи шаҳрвандони афғон ибрози мухолифат карда; бавижа бо бозрасиҳои шабона, ки аз диди афғонҳо ҳарими занон дар хонаҳояшонро нақз мекунад.
Дар рӯзҳои гузашта манобеъи хабарӣ дар Афғонистон ва Омрико гуфта буданд, ки ихтилофи назар дар ин бора боис шуда буд музокирот барои мувофиқатномаи амниятии дуҷониба ба бунбаст бархӯрд.
Дар сӯйи дигар, Омрико ҳамвора таъкид кардааст нерӯҳое, ки пас аз поёни соли ҷорӣ дар Афғонистон бимонанд, бояд масунияти қазоӣ дошта бошанд.
Ин масъала дар Ироқ ҳам мояи ихтилофи назар шуд ва дар ниҳоят нотавонӣ дар ҳал кардани он ба хуруҷи якбораи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз он хатм шуд.
Таҳдиди Толибон ба муборизоти аъзои Луя Ҷирга
Бархе аз аъзои Луя Ҷирга пештар дар бораи таъхир дар натиҷа додани музокироти байни Афғонистон ва Омрико ибрози нигаронӣ карда буданд.
Дар ҷараёни дидор бо вузарои дифоъи кишварҳои узви НОТУ, 9 моҳ пеш дар феврали 2013, мақомоти омрикоӣ гуфта буданд НОТУ дар ҳоли баррасии ҳифзи 8 то 12 ҳазор нафар аз нерӯҳояш пас аз поёни соли 2013 аст.
Омрико гуфта буд байни 3 то 9 ҳазор аз ин теъдод нерӯро таъмин мекунад.
Дар ҳоли ҳозир бархе аз манобеъи хабарӣ дар Омрико баровурд кардаанд, ки шумори нерӯҳои омрикоие, ки пас аз поёни соли 2013 дар Афғонистон боқӣ мемонад., байни 8 то 10 ҳазор нафар аст.
Ҳатто агар Луя Ҷирга мувофиқатномаи амниятии байни Омрико ва Афғонистонро таъйид кунанд, ин матн ҳамчунон бояд дар маҷлиси Афғонистон ба раъй гузошта ва тасвиб шавад.
Толибон нишасти Луя Ҷиргаро як тавтеаи омрикоӣ хондаанд.
Толибон гуфтаанд агар аъзои ин нишаст мувофиқатномаи амниятии дуҷонибаро таъйид кунанд, ононро ба унвони хоин таъқиб ва муҷозот мекунанд.
Дар рӯзҳои гузашта низ дар муқобили хаймаи бузурге, ки қарор аст мизбони ҷаласаи Луя Ҷирга бошад, як ҳамлаи интиҳорӣ анҷом шуд ва пас аз он тамҳидоти амниятӣ дар ин минтақа ташдид шудааст.
