Кобул музокироти 'мувофиқатномаи амниятӣ' бо Омрикоро ба таълиқ даровард

  • 19 Июн, 2013

Афғонистон гуфтугӯҳо рӯйи мувофиқатномаи амниятӣ бо Омрикоро ба ҳолати таълиқ даровардааст.

Рӯзи чоршанбеи 19-уми июн дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо нашри иттилоъия сӯйи Шӯрои Амният эълом кард: “Даври чаҳоруми музокирот миёни ҳайъатҳои Афғонистон ва Омрико рӯйи қарордоди амниятӣ, ки феълан дар Кобул ҷараён дорад, ба далели таноқуз миёни гуфтору амали Иёлати Муттаҳидаи Омрико дар мавриди раванди сулҳ, аз ҷониби Афғонистон ба таълиқ дароварда шуд.”

Таълиқи ин гуфтугӯҳо дар ҳоле эълом мешавад, ки рӯзи гузашта дафтари Толибон дар Қатар расман гушоиш ёфт ва Омрико эълом кард, ки омодаи музокира бо ин гурӯҳ аст.

Дафтари Толибон дар Қатар

Дафтари Толибон дар Қатар зери номи “Дафтари Аморати Исломии Афғонистон” рӯзи гузашта гушоиш ёфт. Толибон гуфтанд, ки дар ин дафтар ба фаъъолиятҳои сиёсӣ низ хоҳанд пардохт.

Толибон дар замони ҳукумат бар Афғонистон, унвони “Аморати Исломӣ”-ро барои ин кишвар ба кор мебурд.

Дар гушоиши ин дафтар ҳеҷ намояндае аз ҳукумати Афғонистон ҳузур надошт.

Пеш аз ин мақомоти Кохи Сафед эълом кардан буданд, ки базудӣ музокироти мустақим миёни Омрико ва Толибон дар Қатар оғоз хоҳад шуд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико низ гушоиши дафтари сиёсии Толибон дар Қатарро гоми муҳимме ба сӯйи мусолеҳа миёни Толибон ва давлати Афғонистон хонд.

Гушоиши ин дафтар ва баҳс рӯйи гуфтугӯи мустақими Толибон ва Омрико дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳукумати Афғонистон борҳо эълом карда, ки раҳбарии раванди сулҳ бояд дар дасти Афғонистон бошад.

Ҳомид Карзай ахиран аз гуфтугӯҳои пинҳонии Толибон бо Омрико низ хабар дода ва ҳушдор дода буд, ки агар хориҷиҳо дар раванди сулҳи Афғонистон мудохила кунанд, онҳоро “расво” хоҳад кард.

Тавофуқномаи амниятии Афғонистон бо Омрико

Ҳукумати Афғонистон чанд рӯз пеш эълом карда буд, ки базудӣ марҳилаи чаҳоруми гуфтугӯҳо барои мувофиқатномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Омрико оғоз хоҳад шуд.

Ҷонон Мусозай, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон гуфта буд, ки ҳукумати Афғонистон умедвора аст дар ин давор аз музокирот пешрафтҳои зиёде сурат гирад ва базудӣ пешнависи ин мувофиқатнома ниҳоӣ шавад.

Ин музокирот миёни сафири Афғонистон дар Вошингтун ва сафири Омрико дар Кобул пеш бурда мешавад.

Мувофиқатномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Омрико бар асоси маводди паймони ҳамкориҳои истротежики ду кишвар, имзо мешавад.

Ин мувофиқатнома чаҳорчуби ҳуқуқии ҳамкориҳои амниятӣ миёни ин ду кишварро пас аз соли 2014 таъйин мекунад.

Аз имзои санади ҳамкориҳои истротежик миёни Кобул ва Вошингтун беш аз як сол мегузарад, аммо то ҳануз ин ду кишвар ба далели ихтилоф рӯйи шароиташон ба тадвини мувофиқатнома даст наёфтаанд.

Марҳилаи аввали ин музокирот дар моҳи ноябри соли гузашта оғоз шуд.

Пеш аз ин се марҳилаи музокирот барои имзои ин мувофиқатнома дар Кобул баргузор шуда буд.

Матолиби муртабит