Карзай: Толибон дар хадамоти душманони ислом ҳастанд

  • 12 Июн, 2013
Image caption Карзай: Толибон дар хадамоти душманони ислом ҳастанд

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон бо маҳкум кардани ҳамлаи интиҳории рузи сешанбеи 11-уми июн дар муқобили дари вурудии Додгоҳи олии Афғонистон, ки боиси марги 17 нафар ва захмӣ шудани 39 нафар шуд гуфта, ки Толибон бо анҷоми ин ҳамла нишон доданд, ки дар хидмати душманони ислом ҳастанд.

Дар хабарномаи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо маҳкум кардани ин ҳамла омадааст, ки инфиҷорҳо, мингузориҳо, сар буриданҳо ва куштори ҳамватанони бегуноҳ фишорҳое мебошад, ки душманони ислом ва Афғонистон мехоҳанд бо он Афғонистонро ба як кишвари заъиф табдил кунанд, то тан ба хостаҳои шуми онон бидиҳанд.

Дар хабарнома таъкид шуда, ки Афғонистон дар тули таърих дар баробари фишори хориҷиҳо таслим нашуда ва акнун низ сар фуруд нахоҳад овард.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон афзудааст, ки ин душманони ислом ва инсоният рӯзи якшанбе 9-уми июн ду писари 10 ва 16 соларо низ дар вулусволии Жирии вилояти Қандаҳор сар буриданд.

Мақомҳои вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон қаблан гуфта буданд, ки Толибон ду писари 10 ва 16-соларо ба иттиҳоми “ҷосусӣ ба нируҳои давлатӣ” сар буриданд.

Оқои Карзай пеш аз ин дар мавриде, Толибонро бародар хитоб карда ва хостори пайвастани онон ба раванди сулҳи Афғонистон шуда буд.

Раисҷумҳури Афғонистон ба далели вокуниши мулоимаш дар баробари Толибон ҳамвора ҳадафи интиқоди нерӯҳои сиёсии мухолифи давлат будааст.

Гурӯҳи Толибон бо ирсоли номае ба расонаҳо масъулияти ҳамла ба Додгоҳи олиро ба ӯҳда гирифтааст.

Толибон дар ин нома гуфтаанд, ки онҳо чаҳор утубуси ҳомили маъмурони Додгоҳи олӣ ва шаш худрави марбут ба қуззоти олирутбаро ҳадаф қарор додаанд.

Толибон дар ин номаи хабарӣ Додгоҳи олии Афғонистонро ҳастаи фосид ва тавҷеҳагари куфр хондаанд. Дар бахше аз номаи онҳо омада: "Додгоҳи олии Афғонистон дар бакоргирии зулму бархурди бад бо мардуми Афғонистон ва ҳамчунин маҷуз додан ба куфр нақши муҳимме дорад. Гурӯҳи Толибон саранҷом маҷбур шуданд, ки барои аз миён бардоштани ин ҳастаи фосид иқдом кунанд."

Ин нахустин боре аст, ки Тоҷикистон Додгоҳи олии Афғонистонро ҳадафи интиқод қарор дода ва ба он ҳамла кардаанд.

Матолиби муртабит