Сарбози омрикоии муттаҳам ба "куштори Қандаҳор" мумкин аст аз эъдом бигурезад

  • 30 Май, 2013
Image caption Вукало мегӯянд, ки ин сарбоз аз кардаи худ пушаймон аст

Як сарбози омрикоӣ, ки ба қатли 16 ғайринизомии афғон дар соли гузашта муттаҳам аст, барои парҳез аз муҷозоти эъдом иқрор ба гуноҳ хоҳад кард.

Ба гуфтаи вакилони гурӯҳбон (сержанти калон) Роберт Бейлз, ӯ рӯзи панҷуми июн дар додгоҳ иқрор ба гуноҳ хоҳад кард.

Ӯ дар соъати нахусти рӯзи 11 марти соли 2012 пойгоҳи Омрико дар вилояти Қандаҳорро тарк ва ба ду русто дар он атроф ҳамла кард. Бештари қурбониён занон ва кӯдакон буданд.

Аъзои хонаводаҳои куштаҳо ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтанд, ки аз шунидани ин хабар, ки муттаҳам мумкин аст эъдом нашавад, хашмгин ҳастанд.

Муҳаммад Вазир, ки 11 узви хонаводааш, аз ҷумла модар ва духтари дусолааш дар он воқеъа кушта шуданд, гуфт: "Мо ба хотири ҳамин як моҷаро сад сарбози омрикоиро мекушем."

Саъидҷон, ки ҳамсар ва се нафар аз бастагон дар он қатли ом кушта шуданд, ба ин хабаргузорӣ гуфт: "Ҳукми зиндон ҳеҷ фоидае надорад. Алон коре аз мо сохта нест. Аммо вазъ ин тавр намемонад ва агар ҳалқовез нашавад, ман интиқомамро хоҳам гирифт"

Вакилони гурӯҳбон Бейлз мегӯянд, ки ӯ аз ин кушторҳо пушаймон аст, аммо дар бораи ҷузъиёти он чи ин сарбоз қасд дорад дар додгоҳ бигӯяд, ҳарфе назаданд.

Ҷон Ҳерӣ Броун, вакили ин сарбоз, гуфт, ки ӯ шаби қабл аз ҳамла "дучори ҷунун" шуда буд.

Қозии додгоҳи низомӣ ва Луис Макурд, фармондеҳи пойгоҳи низомии муштарак, ҷое, ки ин сарбоз дар он муҳокима мешавад, бояд ҳар гуна муъомила бо додситонҳоро таъйид кунанд.

Як ҳайъати мунсифаи низомӣ сипас тасмим хоҳад гирифт, ки оё ҳукми зиндон шомили имкони афв хоҳад буд ё на.

Оқои Бейлз дар замони ҳамла чаҳорумин даври эъзом ба Афғонистонро тай мекард ва зимни нӯшидани алкул волюм истиншоқ карда буд.

Дар он ҳамла ҳамчунин шаш афғон захмӣ шуданд.

Дар ҳоле ки додситонҳо ибтидо гуфтанд хостори муҷозоти марг хоҳанд шуд, аммо дар беш аз панҷоҳ соли гузашта ҳеҷ сарбози омрикоӣ эъдом нашудааст.

Матолиби муртабит