Мақомҳои Қандаҳор Толибонро ба сар буридани ду кудак муттаҳам карданд

Мақомҳои вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон гуфтаанд, ки Толибон ду писари даҳ ва шонздаҳсоларо ба иттиҳоми “ҷосусӣ ба нирӯҳои давлатӣ ” сар буриданд.
Ҷовид Файсал, сухангӯйи волии Қандаҳор, гуфтааст, ки афроди мусаллаҳи вобаста ба гурӯҳи Толибон ин ду кудакро дирӯз дар вулусволии Жирӣ сар буриданд.
Манобеъи пулис гуфтаанд, ки аҷсоди ин кудакон бомдоди рӯзи душанбе 10 май дар биёбоне наздик ба минтақае куҳистонии “Навида” дар масири ҷодаи Қандаҳор – Ҳирот пайдо шуд.
Ғаварзанг Афридӣ, аз масъулони пулис гуфта, ки ин ду кудак фарзандони ду хонаводаи фақире, аз мантақаи “Наҳри корез” буданд ва дирӯз миқдоре пасмондаи ғазо аз маъмурони пулиси як постгоҳ гирифта буданд. Дар вақти бозгашт ба хонаҳои худ аз сӯи Толибон мутавақиф шуданд.
Турёлӣ Висо, волии Қандаҳор сар буридани ду кудакро “ғайриисломӣ ва ғайриинсонӣ” тавсиф кардааст. Аммо гуруҳи Толибон иттиҳоми қатли ин ду кудакро рад кардааст.
Қорӣ Муҳаммадюсуф, сухангӯйи гурӯҳи Толибон гуфта, ки ин гурӯҳ аз муддате пеш ба инсӯ сар буридани атбоъи кишварро манъ карда ва сар буридани ин кудаконро ҳам маҳкум мекунад.
Толибон соли гузашта низ муттаҳам ба сар буридани ду кудак, яке дар ҷануб ва дигаре дар ғарби Афғонистон шуданд.
Ба ҳамин тартиб ду сол пеш ҳам мақомҳои давлатӣ дар вилояти Ҳилманд ин гурӯҳро ба сар буридани чаҳор нафар ба иттиҳоми ҷосусӣ ба давлат муттаҳам карданд.
