Оғози бунёди роҳи оҳани Туркманистон Афғонистон ва Тоҷикистон

  • 5 Июн, 2013
Роҳи оҳан
Image caption Тоҷикистон дар сурати баҳрабардорӣ аз роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон- Тоҷикистон аз бумбасти иртибототӣ раҳо хоҳад шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон дар маросими гушоиши тарҳи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон дар шаҳри Атамуроди Туркманистон ширкат карданд.

Дар марҳилаи аввал ин роҳи оҳан шаҳрҳои Атамурод ва Имомназари Туркманистонро ба ҳам муттасил карда ва баъдан ба самти Акина - Андхуйи Афғонистон тамдид хоҳад шуд.

Дафтари оқои Карзай дар иттилоъияе навишта, ки дар ифтитоҳияи ин тарҳ Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳузур ёфтанд.

Бо сохти ин роҳи оҳан Афғонистон ба шабакаи роҳи оҳани байналмилалӣ васл мешавад.

Аҳмадшоҳ Ваҳид, муъовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт, 85 килуметр аз ин роҳи оҳан дар Туркманистон ва беш аз 300 килуметри он дар вилоятҳои шимоли Афғонистон сохта мешаванд.

Ҳамлу нақл дар Афғонистон умдатан аз тариқи роҳҳои ҷодаӣ аст, ки ба таври куллӣ чандон вазъи матлубе надоранд. Илова бар он, поёнаҳои ин роҳҳо дар бархе аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Тоҷикистон бо душвориҳо ҳамроҳ будааст.

Аз замоне, ки роҳҳои дарёӣ дар садаи 19 дар ҷаҳон тавсеъа ёфт, шабакаи роҳҳои заминӣ дар Афғонистон аз назарҳо афтод ва ба дунболи он ҳар бор ки Русияи тзорӣ (подшоҳӣ) ва Ҳинди Бритониёӣ дар садади тамдиди шабакаи роҳи оҳан дар Афғонистон баромаданд, ё яке аз ин ду абарқудрати вақт бо он мухолифат карда ё ҳукуматҳои вақти Афғонистон монеъи сохти он шуданд.

Аз ҷумла, вақте ки Русия дар соли 1885 пешниҳод кард, ки роҳи оҳане аз Русия ба Сарахси Эрон, Ҳирот ва Қандаҳори Афғонистон бисозад, давлати Ҳинди Бритониёӣ бо он мухолифат кард. Чаро ки Бритониё онро хатаре барои манофеъи худ дар Ҳинд медонист.

Ҳамчунин, вақте дар чанд маврид ва аз ҷумла дар соли 1928 бритониёиҳо пешниҳод карданд, ки шабакаи роҳи оҳани Пешоварро то Ҷалолобод, Кобул ва Қандаҳор тамдид кунанд, ҳукумати Афғонистон онро тарҳе дар ростои аҳдофи истеъмории Бритониё донист ва бо он мувофиқат накард.

Пас аз ин барои даҳҳо сол Афғонистон ҳеч барномае барои сохтани роҳи оҳан надошт ва дар ҳоли ҳозир ҳам ба назар мерасад, ки ин мавзӯъ дар сояи масоили сиёсӣ камранг бошад.

Чолишҳои роҳи оҳани Афғонистон

Ба ин тартиб, Афғонистон ҳанӯз бо доштани шабакаи миллии роҳи оҳан фосилаи зиёде дорад ва пайвастани он ба шабакаи байналмилалии роҳи оҳан ҳам бо чолишҳои фаровоне мувоҷеҳ аст.

Ғайр аз роҳҳои ҷодаӣ ва роҳи оҳан ҳамлу нақли ҳавоӣ барои Афғонистон аҳамият дорад, ки ба далоили фаровоне ҳанӯз хеле дар иқтисоди Афғонистон нақш надорад.

Оқои Ваҳид афзуд, ки ин роҳи оҳан аз тариқи Бандари Шерхон дар вилояти Қундуз Афғонистонро бо кишвари Тоҷикистон васл мекунад.

Муъовини вазорати фавоиди оммаи Афғонистон гуфт, ҳарчанд ҳанӯз он бахш аз роҳи оҳан, ки дар Афғонистон сохта хоҳад шуд, ниёз ба баррасӣ ва нақшабардории дақиқ дорад. Аммо ба таври тахминӣ ҳудуди 350 милюн дулор ҳазина мебарад, ки Бонки Осиёии Тавсеъа онро хоҳад пардохт.

Аҳмадшоҳ Ваҳид афзуд: “‎Кишварҳои зиёде алоқаманд ҳастанд, ки барои тамдиди шабакаи хатти оҳан бо кишвари мо ҳамкорӣ кунанд то аз тариқи Афғонистон иртибототи минтақаӣ (бо кишварҳои узви созмонҳои ҳамкориҳои минтақаӣ), ки дар атрофи Афғонистон мавқеъият доранд, таъмин шавад, ки худ инқилоби бузурге дар иқтисоди минтақа хоҳад буд.”

Ба гуфтаи оқои Ваҳид, ин роҳи оҳан дар вилояти Балх бо роҳи оҳани Мазори Шариф-Ҳайратон васл мешавад, ки ба шабакаи роҳи оҳани Ӯзбакистон мепайвандад.

Ин роҳи оҳан дар соли 1389 тавассути ширкати роҳи оҳани Ӯзбакистон ба тӯли 85 килуметр аз Бандари Ҳайратон то фурӯдгоҳи Мазори Шариф сохта шуд.

Ҳамчунин, дар соли 1385 сохти роҳи оҳани Хавоф-Ҳирот ба тӯли 130 килуметр дар ғарби байни Афғонистон ва Эрон ба ҳимояти молии Эрон оғоз шуд, аммо дар мароҳили охир он дар наздики шаҳри Ҳирот нотамом монд.

Мақомҳои Эрон гуфтаанд, ки амалиётӣ шудани бақияи ин тарҳ ба манобеъи молӣ марбут аст, ки давлати Афғонистон бояд таъмин кунад ва чолишҳои маҳаллиро ҳам аз сари роҳ бардорад.

Ба ин тартиб, маҷмӯъи роҳи оҳан дар дохили Афғонистон ба 135 килуметр ҳам намерасад, ки амалан аз бахши он дар Балх дар сатҳи маҳдуде баҳрабардорӣ мешавад ва бахши дигари он дар Ҳирот ҳанӯз қобили истифода нест.

Агар роҳи оҳани байни Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон сохта шавад манофеъи иқтисодии Афғонистонро дар заминаи иртиботот то ҳудуди зиёде таъмин мекунад.

Зарурати роҳи оҳани оллтернотив барои Тоҷикистон

Ҳамчунин, ин роҳи оҳан Тоҷикистонро аз бумбасти иртибототӣ раҳо хоҳад кард. Феълан роҳҳои оҳани Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигари ҷаҳон аз тариқи Ӯзбакистон убур карда ва ин кишвар мукарраран дар тронзити қаторҳо ва ҳамлу нақли колоҳои Тоҷикистон монеъ эҷод кардааст.

Аз ҷумла, дар пайи хароб шудани пули иртиботӣ дар роҳи оҳани вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистон дар моҳи ноябри соли 2011 ҳаракати қаторҳо аз тариқи Ӯзбакистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон мутаваққиф шуд.

Ҳамакнун давлати Тоҷикистон тарҳи бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвонро, ки имтидодаш 46 килуметр аст, рӯйи даст гирифтааст, ки вилояти Хатлонро ба шаҳри Душанбе муттасил хоҳад кард.

Дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек дар авохири моҳи гузашта дар мавриди бунёди роҳи оҳани масири Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд.

Тафоҳумномаи сохти ин роҳи оҳан байни се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон дар 20-уми марти соли ҷорӣ, дар рӯзи Наврӯзи имсол тавассути руасои ҷумҳурии ин кишварҳо дар Ишқобод имзо шуда буд.

Матолиби муртабит