Масири роҳи оҳан миёни се кишвари минтақа дар Ишқобод баррасӣ мешавад

  • 19 Апрел, 2013
Роҳи оҳани Тоҷикистон
Image caption Таъйини масири роҳи оҳан дар қаламрави се кишвар ва пайдо кардани сармояи лозима барои ба таври сареъ иҷро шудани ин тарҳ аз масоили матрӯҳа дар ҷаласаи Ишқобод аст

Ҳайъати вижаи ҳамоҳангсозии тарҳи роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон иборат аз намояндагони се кишвар кори худро дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон оғоз кардааст.

Масъалаи аслии матрӯҳа дар ҷаласаи дурӯзаи ин ҳайъат иҷрои ёддошти тафоҳум дар мавриди тарҳи бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон унвон шудааст.

Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи панҷшанбеи 18 апрел шурӯъ шуд, намояндагони вазоратҳои умури хориҷа ва таробарии (ҳамлу нақли) се кишвар ширкат доранд.

Бар асоси иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳайъати тоҷикистониро дар ин нишаст Маҳмудҷон Собиров, муъовини вазири хориҷа сарпарастӣ мекунад.

Гуфта мешавад, яке аз масоили аслии матрӯҳа дар ин ҳамоиш таъйини масири роҳи оҳан аз қаламрави се кишвар ва пайдо кардани сармояи лозима барои ба таври сареъ иҷро шудани ин тарҳ аст.

Бар асоси иттилоъи расонаҳои Туркманистон, ин ҳамоиш бо дастури вижаи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон доир мешавад.

Рӯзи 20 марти соли ҷорӣ руасои ҷумҳури Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон барои бунёди роҳи оҳан ёддошти тафоҳумро ба имзо расонданд.

Бар асоси ин санад тарҳи мавриди назар бояд то соли 2015 иҷро шавад ва се кишвари минтақаро ба ҳам муттасил кунад.

Тоҷикистон, кишварест, ки бо дигар кишварҳои минтақа танҳо тавассути роҳи оҳани Узбакистон васл аст ва бо таваҷҷуҳ ба сардии муносиботи ин ду кишвар дар солҳои ахир бо мушкилоти ҷиддӣ дар интиқоли коло аз тариқи қаламрави Узбакистон рӯбарӯст.

Ба ин хотир коршинсон ва сиёсатмадорони тоҷик бунёди роҳи оҳанро, ки Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистонро бидуни убур аз марзи Узбакистон муттасил хоҳад кард, муҳим арзёбӣ мекунанд.

Иртиботи роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва сипас ба Туркманистон, имкони пайвастани Тоҷикистон ба роҳҳои дарёиро боз мекунад.

Дар ҳамин ҳол масъулони ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳаракати вогунҳои борбар ба ҷануби Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон ҳамчунон азсар гирифта нашудааст.

Владимир Собкалов, муъовини раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, ки масъулони ширкати роҳи оҳани Узбакистон номаҳои мукаррари Тоҷикистонро дар мавриди эъломи замони оғози фаъъолияти роҳи оҳан дар ин самтро бепосух мемонанд.

Image caption Оқои Собкалов гуфт ба сабаби масдуд шудани ҳаракати қаторҳо дар ҷануб беш аз як ҳазору 500 нафар аз кормандони ин ширкат бидуни фаъъолият мондаанд

Оқои Собкалов, ки дар дар кори ҳайъати вижа дар ҳамоиши Ишқобод ширкат дорад, қабл аз сафар ба Туркманистон ба Би-би-сӣ гуфт: “Дар робита ба оғози ҳаракати қаторҳо дар самти Амузанг (Узбакистон) ҳеч гуна иттилоъро ҷониби Узбакистон ба мо надодааст. Ҳарчанд Шӯрои роҳи оҳани минтақа ҷониби Узбакистонро муваззаф мекард, ки ҳадди ақал аз вазъияти кунунии ин роҳ хабар диҳад, вале онҳо сукутро ихтиёр намудаанд. Мо аз масдуд будани ин роҳ хисороти ҳангуфт дидаем.”

Ба гуфтаи оқои Собкалов ба сабаби масдуд шудани ҳаракати қаторҳо дар ҷануби Тоҷикистон беш аз як ҳазору 500 нафар аз кормандони ин ширкат бидуни фаъъолият мондаанд. Аммо вай афзуд, ки масъулони ширкат барои ҷалби ин кормандон ва эъзоми онҳо ба қисматҳои дигари роҳи оҳан иқдомоте ба харҷ додаанд.

Ҳаркати қаторҳои борбар ба ҷануби Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2011 масдуд шуд. Масъулони ширкати роҳи оҳани Узбакистон сабаби масдуд шудани ҳаракати қаторҳоро хароб шудани қисмате аз роҳи оҳан дар бахши "Ғалаба-Амузанг"-и он кишвар хонда буданд.

Аммо бисёре аз соҳибназарон мегӯянд, ки ин иқдоми Узбакистон ангезаи сиёсӣ дошта ва муносиботи сардшудаи чанд соли ахир миёни Душанбе ва Тошканд сабаби аслии ин тасмими Узбакистон будааст.

Дар ҳамин ҳол масъулони ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон гуфтаанд, ки масдуд будани роҳи оҳан дар самти Узбакистон дар соли 2012 ба будҷеи ин вилоят беш аз 100 милюн сомонӣ зарар ворид кардааст.

Матолиби муртабит