Собкалов: “Русия моро дар ҷараёни арзёбии қатор нагузоштааст”

Масъулони ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯянд, ки аз Русия ҳеҷ гуна нома дар мавриди арзёбии ахири вогунҳои ширкат дар Русия ва натиҷаи онро дарёфт накардаанд.
Муъовини раиси ин ширкат ба Би-би-сӣ гуфт, ки иттилоъи дақиқ дар мавриди сиҳҳати ин хабар ва вазъи беҳдории қатори ахир дар масири Душанбе-Маскавро, ки аз ҷониби Русия арзёбӣ шуда, баъд аз бозгашти ин қатор ба Тоҷикистон пахш хоҳад кард.
Владимир Собкалов, муъовини раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" рӯзи сешанбеи 16 апрел гуфт: “Ширкати мо ҳеч нома ва ё огоҳӣ дар мавриди натиҷаи арзёбии қатори ширкат дар он кишварро дарёфт накард. Вале мо баъд аз бозгашти ин қатор ба Душанбе ин ҳодисаро бо тамоми ҷузъиёташ таҳқиқ мекунем. Бо ин вуҷуд дар мавриди вогунҳои қатор гуфта метавонам, ки ҳамаи онҳо, ки дар ин масир ҳаракат мекунанд, таъмир шуда ва дар вазъи маъмулӣ қарор доранд.”
Оқои Собкалов аз он дар таъаҷҷуб буда, ки Геннеадий Онишенко, раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия шахсан вазъи беҳдории қаторҳоро арзёбӣ мекунад.
Ӯ мегӯяд: “Ман намедонам, чаро хадамаи қатор дар ошпазхонаи қатор мехобиданд? Ин ҳодиса низ аз сӯйи мо баррасӣ хоҳад шуд. Вале фикр мекунам арзёбии вазъи беҳдории масъулони Русия то ҳадде аз ҳақиқат дур аст.”
Ӯ гуфт, ки ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи қаторҳо ва ироаи хадамоти хуб дар он иқдомоте лозим анҷом додааст.
Оқои Сабкалов гуфт бо ин ҳадаф дар авохири соли гузашта як қатори ҷадид барои ин ширкат кормандони ҷадид, аз ҷумла занону духтарони омӯзишдида истихдом шуданд.
Ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳеч иттилоъе дар мавриди эҳтимоли ба таълиқ даровардани ҳаракати қаторҳои ин ширкат ба қаламрави Русияро низ аз сӯйи масъулони зидахли он кишвар дарёфт накардааст.
Ин дар ҳолест, ки Геннеадий Онишенко, раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия, дар авохири ҳафтаи гузашта дар ҷараёни бозрасии вазъи беҳдории яке аз қаторҳои ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар истгоҳи “Казанский”-и шаҳри Маскав, бо нигаронӣ аз вазъи ин қатор гуфтааст: "...Масъалаи ба таълиқ даровардани ҳаракати ин қаторҳоро матраҳ хоҳад шуд.”
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои ахир расонаҳои давлатии Русия гузоришҳо дар мавриди вогунҳои қатори Тоҷикистон пахш карда ва дар он аз вазъи бади беҳдории ин қаторҳо иттилоъ доданд.
Бархе аз ин гузоришҳо аз кашфи миқдори зиёди маводди мухаддир дар бархе аз ин қаторҳои масири Тоҷикистон - Русия мегуфтанд ва пулиси ин кишвар бархе аз кормандони ин қаторҳоро дар қочоқи он муттаҳам кардааст.
Мақомоти нерӯҳои марзбонии Русия низ дар ин гузоришҳо гуфтанд, ки дар ин қаторҳо "ба таври муназзам" маводди мухаддир, аз ҷумла ҳеруин ошкор ва мусодира мешавад.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи иддае аз мусофироне, ки ахиран бо роҳи қатори масири Душанбе-Маскав сафар кардаанд, бархе аз вогунҳои ин қатор дар воқеъ тамизу мураттаб ва ҷавобгӯйи муқаррароти беҳдорӣ набудаанд.
Афзун бар он ба гуфтаи ин мусофирон, кормандони бархе аз вогунҳо дар роҳ афроди изофиро бо гирифтани пули нақд аз онҳо савори қатор мекардаанд.
Бархе аз соҳибназарон ба вуҷуди фасоди густурда дар ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ишора мекунанд ва тағйири кодрӣ дар миёни раҳбарии ин ширкати давлатиро яке аз роҳҳои бурунрафт аз мушкилоти мавҷуд дар ин арса мехонанд.
