Ӯзбакистон интиқоли бархе колоҳоро ба намоишгоҳи Душанбе иҷоза надодааст

  • 2 Апрел, 2013
Намоишгоҳи Эрон
Image caption Дар Тоҷикистон дар тӯли даҳ соли ахир намоишгоҳҳои зиёди коло ва маҳсулоти тувлидии ширкатҳои мухталифи эронӣ доир шудааст

Масъулони гумруки Узбакистон яке аз чаҳор комюни ҳомили маводди лозима барои намошгоҳи наврӯзӣ дар Душанберо “маводди низомӣ” унвон карда ва дар марзи он кишвар нигаҳ доштаанд.

Дар ин бора масъулони намоишгоҳи миллии Эрон дар Душанбе хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо мақомоти узбак миқдоре аз колоҳои эрониро, ки қарор буд тавассути комюн аз қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон интиқол ва дар намоишгоҳи миллии Эрон дар Душанбе ба намоиш дарояд, мусодира кардаанд.

Муҳаммад Умронӣ, як масъули баргузории намоишгоҳои миллии Эрон дар Душанбе рӯзи сешанбеи 2 апрел гуфт, ки маводди мусодирашуда, ки аз сӯйи мақомоти узбак "низомӣ" унвон шуда, кафшҳои барои сохтмоничиён будааст.

Оқои Ӯмронӣ гуфт: "Ҳарчанд мадорики зарурӣ барои интиқоли ин коло комилан дуруст буд ва кормандони масъули Узбакистон ҳаққи боз кардани бастабандҳои колоро надоштанд, вале онро боз карда ва мӯзаҳои маъмулиро чун маводди низомӣ ҳисоб карданд. Маводди боқӣ бо таъихири 20 рӯза ба Тоҷикистон расид. Ин амали узбакҳо ба ширкатҳо ва мо ҳудуди 40 ҳазор дулор хисорот ворид кард."

Оқои Умронӣ мегӯяд, ки наухстин бор нест, ки дар интиқоли коло аз Эрон ба Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон мушкил эҷод мешавад.

Ӯ афзуд: “Мушкилот дар қаламрави Узбакистон барои интиқоли колоҳои эронӣ ба Тоҷикистон бисёре аз масъулони ширкатҳои эрониро водор мекунад, аз фиристодани колоҳо ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.”

Image caption Оқои Умронӣ гуфт, ки ин амали Узбакистон ба онҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҳудуди 40 ҳазор дулор хисорот ворид кард

Оқои Умронӣ гуфт, ин душвориҳо боъис шуда, ки иддае аз ширкатҳои эронӣ бо вуҷуди ноамнӣ колоҳои худро тавассути қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон мунтақил кунанд.

Ин намояндаи намоишгоҳи Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки ба ин хотир туҷҷор ба бунёди роҳи оҳане, ки қарор аст чаҳор кишвари минтақа, яъне Туркманистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Эронро ба ҳам муттасил кунад, хеле хушбин ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки дар се соли гузашта беш аз панҷоҳ ширкати эронӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз кардаанд. Эрон ба гуфтаи вазорати иқтисоди Тоҷикистон яке аз бузургтарин сармоягузорон дар иқтисоди ин кишвар аст.

Барои бори нахуст нест, ки туҷҷор ва ширкатҳои иқтисодӣ барои интиқоли колоҳои худ ба Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзабкистон бо мушкилот рӯбарӯ мешаванд.

Вобастгарии иртибототии Тоҷикистон дар заминаи баромаду даромади колоҳояш тавассути роҳҳои заминӣ аз тариқи қаламрави кишвари ҳамсоя, ки равобити диплумотик бо он сард аст, барои Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир ба сурати афзоянда мушкилсоз будааст.

Дар ҳамин ҳол яке мақомоти баландпояи Вазорати дифоъи Тоҷикистон низ дар ҷаласае иброз доштааст, ки берун шудани Узбакистон аз узвияти Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ интиқоли кумакҳои низомӣ аз хориҷ ба Тоҷикистонро душвор кардааст.

Дар даҳ соли ахир мақомоти ду кишвар бар сари мушкилоти интиқоли гоз аз Узбакистон ба Тоҷикистон ва ё гир кардани вогунҳо ва комюнҳои ҳомили колоҳо барои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон баҳсҳои зиёде кардаанд.

Коршиносон хисороти ворида аз ин муъомила ба иқтисоди Тоҷикистон ҳангуфт мехонанд.

Ба вижа қатъи ҳаракати қаторҳо аз Узбакистон ба ҷануби Тоҷикистон аз пойизи соли 2011 хисороти ҳангуфте ба ивазъи иқтисод ва иҷтимоъии мардуми вилояти Хатлон ворид кардааст.

Бо ин вуҷуд ахиран раиси ҷумҳурии Тоҷикистон вазорати хориҷаи ин кишварро дастур додааст, ки дар кунсепсиюни ҷадид дар бораи сиёсати хориҷии ин кишвар беҳбуди равобит бо кишвари ҳамсояи Узбакистонро, ки солҳост бо Тоҷикистон миёнаи хубе надорад, аз аҳдофи меҳварӣ пиндорад.

Матолиби муртабит